Раиси Идораи назорат бар умури молии Русия ҳушдор додааст, ки Тоҷикистон мумкин аст ба "феҳристи сиёҳи" кишварҳои ҷаҳон дар заминаи пулшӯйӣ шомил шавад. Ба навиштаи хабаргузории РИА Новости, Юрий Чиханчин, раиси Идораи федероли назорат бар умури молии Русия, ин суханонро дар мулоқот бо нахуствазир Владимир Путин иброз доштааст.
Ю.Чиханчин аз ҳамкории ин ниҳод бо чунин ниҳодҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гузориш дода гуфтааст: "Тоҷикистон мумкин аст ба "феҳристи сиёҳи" кишварҳое шомил шавад, ки ҳеҷ системе барои мубориза бо пулшӯйӣ таъсис надодаанд."Вай афзудааст: "Мо ба ҳамтоёни худ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ кумакҳои лозимро ироа мекунем ва тақрибан ҳамаи кишварҳои минтақа, ба ҷуз Тоҷикистон, сохторҳои вижа барои мубориза бо пулшӯиро таъсис додаанд."
Дар ҳамин ҳол, як масъули Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кардаву ба БиБиСӣ гуфтааст, ки қарор аст давлат то поёни соли ҷорӣ қонуне дар бораи мубориза бо пулшӯйӣ ва муқобала бо сармоягузорӣ дар фаъолиятҳои террористӣ тасвиб кунад, ки заминаи ҳуқуқӣ барои мубориза бо пулшӯйиро фароҳам хоҳад кард.
Аммо ба гуфтаи ин манбаъ, дар Бонки миллии Тоҷикистон ниҳоди вижае бо номи Департаменти мониторинги молӣ бо дастури раиси ҷумҳурӣ таъсис ёфтааст, ки ҳадафи он назорат бар муъомилоти молӣ ва бонкӣ, аз ҷумла пулшӯйӣ, аст.
Вале Алиакбар Абдуллоев, раиси созмони ғайридавлатии мавсум ба "Маркази тарғиб ва ташаккули маърифати зидди фасод", ки батозагӣ таъсис ёфтааст, фаъол шудани ин сохторро такзиб карда гуфтааст, ки ин ниҳод ҳанӯз кадрҳои лозимро ҷалб накардааст ва бидуни тасвиби "Қонун дар бораи мубориза бо пулшӯйӣ ва сармоягузорӣ дар фаъолиятҳои террористӣ" наметавонад фаъолият кунад. Гузашта аз ин, сохторе, ки бояд бар фаъолиятҳои бонкӣ, аз ҷумла фаъолиятҳои Бонки Миллӣ назорат кунад, набояд тобеъи худи ин бонк бошад, балки ҳатман сохтори мустақил бошад.
Гуфта мешавад, ки ниҳодҳои вижаи назорат бар фаъолиятҳои молӣ дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба ҷуз Узбакистон мустақил будаанд ва танҳо дар ин кишвар чунин ниҳоде вобастаи додситонӣ будааст.