Дар Душанбе як маркази тиҷоратии Ирон бо номи "Ширкати Суруши Байналмилалӣ" оғоз ба фаъолият кардааст. Ба гуфтаи масъулон ин марказ ба танзими тиҷорат ва имзои созишномаҳои тиҷоратӣ миёни ширкатҳои тоҷикистонӣ ва иронӣ машғул хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, дар шаш моҳи солӣ ҷорӣ мизони табодули мол миёни Тоҷикистон ва Ирон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 60 дар сад афзоиш ёфтааст. Масъули баргузории намоишгоҳи миллии Ирон дар Тоҷикистон оқои Муҳаммад Умронӣ гуфтааст, ки дар ҷараёни намоишгоҳи ахир дар Душанбе 15 ширкати иронӣ барои таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон иқдом кардаанд.
Оқои Умронӣ гуфтааст, ки беш аз панҷоҳ ширкат дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро боз кардаанд. Ҳамчунин миёни ширкатҳои Тоҷикистон ва Ирон баҳсҳо дар мавриди таъсиси корхонаҳои тавлиди батареяи автомобил ва дастгоҳҳои нонпазӣ ва тавлиди панҷараҳои алюминиум низ тавофуқоте ҳосил шуд.
Бархе аз иқтисоддонҳо дар Тоҷикистон яке аз монеъаҳои асосӣ дар заминаи рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишварро вуҷуди мавридҳои зиёди фасод ва коғазбозӣ дар миёни мақомоти давлатӣ медонанд. Суоли матраҳ ин аст, ки оё ин авомил наметавонад барои тоҷирони иронӣ ва тоҷик дар таъсиси корхонаҳо ва ширкатҳои муштарак халал расонад?
Оқои Умронӣ дар ин бора гуфтааст, ки албатта аз миён бурдани ин мушкилот метавонад барои рушди тиҷорат ва соҳибкорию таъсиси корхонаҳои муштарак кӯмаки зиёде кунад. Вале ӯ ба тоҷирону масъулони ширкатҳои иронӣ машварат медиҳад, ки тамоми мадорикро аз тариқи расмӣ ва усулӣ омода кунанд ва аз додани ришва худдорӣ намоянд.
Яке дигар аз нукоти мавриди нигаронии тоҷирон дар Тоҷикистон ироаи гузоришҳои ҳармоҳа дар мавриди даромадҳои молӣ ба бархе аз ниҳодҳои давлатӣ аз сӯйи масъулони ин ширкатҳо будааст. Ба гуфтаи тоҷирон ва соҳибони ширкатҳои хусусӣ, ироаи ҳармоҳаи гузоришҳои молӣ бештари вақти фаъолияти онҳоро мегирад. Онҳо мегӯянд, ки ҳар моҳ масъулон ба ҷойи фаъолияти аслии худ вақти зиёдеро дар ниҳодҳои давлатӣ барои додани гузоришҳо аз даромадҳои молии худ сарф мекунанд.