Шароити нигоҳдории маҳбусон дар зиндони Ёвон беҳтар шудааст. Дар инбора Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов узви фаъоли ҲНИТ, ки дар арафаи иди Қурбон ба озоди баромад иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ «Барои нигоҳдории маҳбусон дар зиндон тамоми шароитҳо муҳаё мебошад. Хамарӯза маводи ғизои барои маҳбусон зиёдатӣ аст.
Мо дар як рӯз се маротиба бо сери таом истеъмол мекардем. Хушбахтона тулии беш аз 7 моҳе ки дар зиндонҳо сипари кардам аз гуруснагӣ азият накашидам. Ба хусус дар зиндони Ёвон солҳои охир адабиёти зиёде ворид мешавад, ки онҳоро маҳбусон мутолиа мекунанд».
Ба гуфтаи Муҳаммадрӯзи гарчанде, ки ӯро ноодилона равонаи зиндон карда буданд, аммо дар муддати будубош дар зиндонхои Қурғгонтеппа ва Ёвон ӯ барқарор будани адолатро дар зиндон мушоҳида кардааст. Ман мегӯяд Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов мубталои бемории сил вориди зиндон шуда, дар давоми муҳлати иҷрои ҷазо аз ҷониби маркази бемориҳои сили ноҳия ба табобат фаро гирифта шуда будам.
Айни ҳол пурра табобат ёфтаам.
Ба гуфтаи ӯдар рӯзи интихоботи парлумонии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони мардуми узви қитъаи райъдиҳии рақами 22 ҷамоати Оқгазаи ноҳияи Вахш будааст. Дар ин қитъа номзад аз узви ҲНИТ бар рақибони худ аз ХХДТ дастоболо шуда буд.
Муҳамадрӯзӣ Бурҳоновро дар асоси ду банди кодекси ҷиноятии кишвар монеъ шудан ба татбиқи ҳуқуқи райъдиҳӣ ва фаъолияти комиссияи интихоботӣ ва сохтакориҳои ҳуҷҷатҳои интихоботӣ ё ҳисоби нодурусти овозҳо гунаҳгор меҳисобиданд.
Аммо ба гуфтаи ӯ дар охир бештар аз шоҳидон аз баёнотҳои навиштаи худ даст кашида ахиран ӯро бо ҷурми ба ҷойи зану модараш райъ додан ба муҳлати як сол аз озодӣ маҳрум кардаанд.
Аммо ӯ мегӯяд, ки бо ризогии масъули ҳавзаи интихоботӣ ба ҷойи модари бемораш райъ додаст. Зеро ҳавзаи интихоботӣ сандуқи сайёри овоздиҳиро дар деҳот муҳайё накарда будааст.
Ҳамчунин Муҳаммадалии Ҳаит намояндаи роҳбарияти ҲНИТ мегӯяд, ки мо қаблан ҳам гуфта будем ва имрӯз низ мегӯем, ки парвандаи Муҳаммадрӯзи сирф сиёсӣ буд. Зеро ӯ барои барқарор кардани адолат мубориза бурда райъи овоздиҳандагонро ҳифз намуда, ахиран номзади бештар овоз гирифтаро муҳофизат кардааст.
Зимни сӯҳбат бо хабарнигорон Муҳаммадрӯзӣ Бурҳонов иброз дошт, ки баъди ба озодӣ баромадан ба корҳои мулкӣ, ба кишоварзӣ машғул хоҳад шуд. Ҳамчунин аз сабаби 5 сол дар маъракаҳои интихоботӣ ҳамчун масъул дар ҳавзаҳо иштирок карда натавонад ҳам, аммо фаъолияти сиёсии худро дар ҲНИТ давом хоҳад дод.