Комиссияи назорати роҳи Чех вазири нақлиёти ин кишвар Вит Бартаро аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум кард. Ин мақом дар ҳоле аз ҷониби пулиси роҳ боздошт шуд, ки дар даст ҳуҷҷати ронандагӣ надошта ва мошинаш ҳам бе рақамҳои давлатӣ дар хиёбонҳои Прага ҳаракат мекардааст. Масъулин гуфтаанд, ки “ҳама дар назди қонун баробар ҳастанд” ва аз ин рӯ бояд вазир тибқи қонун муҷозот шавад.
Ҳукми комиссияи назорати роҳ ин буд, ки вазир бояд ба мӯҳлати ним сол аз ҳуҷҷати ронандагиаш маҳрум шуда инчунин ба маблағи 5000 крон, муодили 210 евро ҷарима супорад. Иддае аз коршиносони умури ҷароими нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Чех ба журналистон гуфтаанд, ки вазир бояд ду баробар сахттар ҷазо мегирифт ба он хотир, ки худ баландпоятарин мақоми кишвар дар умури ироаи қонунҳои истифодаи нақлиёт аст ва рафтори ӯ бояд барои ронандаҳои дигар намуна бошад.
То ҳол вокуниши вазири нақлиёт ба ин ҳодиса рӯшан нест, вале намояндагони ҷомеаҳои мухталифи дунё ба ин хабар чунин бархӯрд кардаанд; Як ронандаи амрикоӣ бо шунидани ин хабар гуфтааст, ки ин як чизи хуб аст, ҳар кас бояд дар баробари қонун, навобаста аз кӣ буданаш, ҷавоб гӯяд. Дар Амрико ингуна ҳодисаҳо хеле зиёд рух медиҳанд; мақомот, одамони муҳими кишвар, ситораҳои синамо хеле зиёд барои ингуна қонуншиканиҳо муҷозот мешаванд. Барои ҷомеаи мо ин як чизи маъмулӣ аст. Ронандаи русе дар вокуниш ба ин суол изҳор доштааст, ки дар Ғарб ҳама чиз имкон дорад, ки рӯй диҳад. Дар мо ғайриимкон аст.
Ронандаи туркман мегӯяд: “Дар Туркманистон рӯй додани чунин як кор аслан ғайриимкон аст. Ба эҳтимоли зиёд, тамоми он комиссияро, ки тасмими муҷозоти вазирро содир кардааст, пароканда мекарданд. Ҳеч гоҳ дар Туркманистон иҷоза намедоданд, ки як мақоми баланди давлатӣ аз ҳуҷҷати ронандагӣ маҳрум шавад.”
Як марди афғон иброз карда, ки дар кишвари ман мошини вазирро касе манъ карда наметавонад. Аслан вақте вазир аз раҳ убур мекунад, роҳ баста мешавад. Ӯ муҳофизҳо дорад, пулиси роҳ ҷуръат надорад, ки ӯро нигоҳ дорад, чӣ расад ба ин, ки ӯро аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум созад. Шаҳрванди Қазоқистон ба ин хабар чунин вокуниш кардааст, ки дар Қазоқистон он лаҳза ҳамон ходими пулис зарар медид, ки ҷуръат карда мошини вазирро манъ кунад. Гуноҳи дигараш дар он мешуд, ки вазирро нашинохтааст. Пулис бояд “чест” медод, узр мехост ва дигар ҳеч гоҳ худро пеши чашми вазир нишон намедод.
Як узбак гуфтааст, ки дар ҷойҳои мо ин номумкин аст. Аҳсант бар чехҳо, ки ба ин дараҷа расидаанд, ки худи вазири нақлиётро ҷазо медиҳанд.
Марди ироние, ки худ ронанда аст, хандида гуфт: “Дар Ирон маъмулан агар пулис фарди оддиро бигирад, бо ӯ бо хоҳишу илтимосу таманно вориди гуфтугӯ мешавад, ки ё ҳадди ҷаримаро пойин бубаранд ё аслан ҷарима надиҳанд. Агар мақоми давлатӣ бошад, бештари вақт пулис зиёд музоҳими мақомоти давлатӣ намешавад. Ба хотири ин, ки мақомҳои давлатӣ нуфуз доранд.”