Тақрибан 500 нафар аз зойирони тоҷик натавонистанд, ки имсол барои анҷоми маросими ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар дошта бошанд. Сафари ин афрод ба шаҳрҳои муқаддаси ислом аз сӯйи ширкатҳои мухталифи хусусӣ таҳия шуда буд, вале ба далелҳои гуногун сафари онҳо ба Макка ва Мадина анҷом нашуд. Ин дар ҳолест, ки маросими ҳаҷ рӯзи якшанбеи гузашта дар Арабистони Саъудӣ бо ширкати тақрибан ду миллион зойир аз кишварҳои мухталиф оғоз шуд.
Бино ба гузоришҳо, талоши ҳудуди сад тан аз сокинони вилояти Суғд, барои анҷоми сафар ба ҳаҷ тавассути ширкати "Интурист-Тоҷикистон" ноком боқӣ монд. Масъулони ин ширкат гуфтанд, ки маблағҳои ин афрод, ки барои таҳияи аснод ва билети сафар пардохта шуда буд, дар тӯли як моҳи оянда бозпас дода хоҳад шуд. Дар Душанбе низ ширкате, ки ташкили сафари ҳудуди сесад нафар аз алоқамандони ҳаҷро бар ӯҳда гирифта буд, натавонистааст зойиронро ба Арабистони Саъудӣ бирасонад. Бо истинод ба манбаҳои огоҳ сомонаи ВВС навиштааст, ки ин ширкат натавонистааст визои Арабистони Саъудиро сари вақт таҳия кунад. Ин манбаъ, ки аз ифшои номаш худдорӣ кардааст, афзуда: "Ин ширкат қасд дошт зойирони тоҷикро бо истифода аз саҳмия ё квотаи мусалмонони Қазоқистон ба ҳаҷ фиристад.
Ҳарчанд ин визоҳо рӯзи панҷшанбеи гузашта дарёфт, шуд аммо боз ҳам барои анҷоми парвоз дигар дер шуда буд." Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ мегӯяд, бидуни тахсиси саҳмияҳо барои ҳар кишвар танзими раванди сафари ҳаҷ душвор мешавад. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи манобеъи фурудгоҳи шаҳри Душанбе, ширкате барои интиқоли зойирон ду ҳавопаймои ширкати "ТоҷикЭйр"-ро иҷора карда буд, вале ин парвозҳо анҷом наёфт. Зеро, ба гуфтаи ин манбаъ, фурудгоҳҳои Арабистони Саъудӣ танҳо то рӯзи 10 ноябр ҳавопаймоҳои ҳомили зойиронро қабул мекард. Тибқи муқаррароти Вазорати ҳаҷҷи ин кишвар, ҳамаи зойирон бояд то 10 ноябр вориди Арабистони Саъудӣ бишаванд. 13 ноябр гурӯҳи сесаднафарии зойирони тоҷик, ки натавонистаанд ба Арабистон сафар кунанд, дар назди бинои "Соҳибкорбонк" дар Душанбе, ки дафтари ин ширкати ҷаҳонгардӣ он ҷо аст, ҷамъ омада, хостори ҳалли мушкилоти худ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки манобеи Кумитаи дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иддаъо дорад, ки танҳо ин ниҳод аз салоҳияти ташкили сафари ҳаҷ барои шаҳрвандони кишвар бархӯрдор аст ва ҳар ширкати дигаре, ки машғули тадорукоти сафари ҳаҷ дар Тоҷикистон мешавад, ғайриқонунӣ амал мекунад.
Дар соли ҷорӣ ҳудуди панҷ ҳазору сесад нафар аз зойирони тоҷик тавассути бахши ҳаҷҷи Кумитаи адён ба Арабистони Саъудӣ сафар карданд. Қиммати сафар барои як нафар се ҳазору 191 доллар муқаррар шуда буд. Аммо шаҳрвандони тоҷик, ки мехостанд ба Маккаву Мадина бо истифода аз саҳмияи Қазоқистон сафар кунанд, гуфтанд, ки арзиши роҳхати онҳо ба Арабистони Саъудӣ се ҳазору 500 доллар будааст. Ҳоло ин афрод машғули бозпас гирифтани маблағҳои худ ҳастанд, ҳарчанд ин амр мушкил ба назар мерасад, зеро бахши асосии ин маблағ барои ташкили анҷоми сафари Ҳаҷ масраф шудааст. Ҳарчанд, давлати Тоҷикистон танҳо Кумитаи динро ба ташкили сафари ҳаҷ вазифадор кардааст, ин кумита танҳо теъдоди муқарраршуда дар саҳмияи Тоҷикистонро ба ҳаҷ мунтақил мекунад.
Вале гуфта мешавад ҳамасола садҳо нафар аз шаҳрвандони тоҷик бо истифода аз саҳмияҳои кишварҳое назири Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия низ тавассути ширкатҳои хусусӣ ба ҳаҷ сафар анҷом медиҳанд. Гузашта аз ин, бархе аз созмонҳои имдодии кишварҳои арабӣ барои тоҷикон миқдоре аз саҳмияҳои худро ихтисос медиҳанд ва сипас намояндагони ин ниҳодҳо дар Тоҷикистон машғули ташкили ғайрирасмии сафари ҳаҷ мешаванд. Дар гузашта чанд нафар барои ташкили сафари ҳаҷ аз роҳи ғайрирасмӣ аз сӯйи додгоҳҳои Тоҷикистон муҷозот шудаанд. Вале камбуди саҳмияи ҳаҷ барои Тоҷикистон ва зиёд будани алоқамандони анҷоми ин маросими мазҳабӣ шароитро барои ташкили сафарҳои ғайрирасмии зойирон фароҳам мекунад.