Барои бозрасии асноди молӣ ва фаннии тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” консорсиуми байналмилалӣ интихоб шуд. Тибқи иттилои манобеъи вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, ин консорсиум ба раҳбарии як ширкати фаронсавӣ ва бо шумпули ду ширкати итолиёӣ ва бритониёӣ ташкил шудааст.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дастандаркорони ин озмун натавонистаанд аз миёни довталабон ширкатеро барои анҷоми мутолеъоти зистмуҳитии ин тарҳ интихоб кунанд.
Манобеъи вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон гуфтанд, ки дар озмун барои интихоби ширкати бозраси асноди молӣ ва фаннии нерӯгоҳи “Роғун” ширкатҳои “Coyne et Bellier Consulting Engineers” - Фаронса, “Electroconsult” - и Итолиё ва “ IPA Energy Water Consulting” - и Бритониё пируз шудаанд, ки як консорсиуми байналмилалӣ ташкил медиҳанд.
Зимнан, дар ин озмун, ки бо сарпарастии Бонки Ҷаҳонӣ баргузор шуд, даҳ ширкати хориҷӣ, асосан аз Урупо, Чин, Амрико ва Канада ширкат карданд.
Манобеъи вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ҳамчунин хабар додаанд, ки озмун барои интихоби ширкати бозраси муҳитзистии тарҳи “Роғун” аз миёни чаҳор ширкат бенатиҷа анҷом ёфтааст.
Дастандаркорон тасмим гирифтаанд, ки даври дуввуми ин озмун то 10 декабр сурат хоҳад гирифт. Ба ин тартиб, бозрасони асноди молӣ ва фаннии тарҳи “Роғун” метавонанд мутолеъоти ин тарҳро оғоз кунанд. Сармоягузории бозрасии тарҳи «Роғун»-ро Бонки Ҷаҳонӣ анҷом медиҳад.
Зимнан, баргузории озмун барои бозрасии “Роғун” ба дунболи ихтилофоти бархе аз кишварҳои минтақа, аз ҷумла ?збакистон ба иҷрои ин тарҳ сурат гирифт.
Дар тавофуқи миёни Бонки Ҷаҳонӣ ва давлати Тоҷикистон омадааст, ки дар сурати натоиҷи қобили қабул барои Тоҷикистон, ин ниҳоди молии байналмилалии молӣ барои ҷалби сармоя барои сохтмони ин нерӯгоҳ мусоъидат хоҳад кард.
Ҳамчунин, тибқи ин тавофуқ то замони эъломи натоиҷи ин бозрасӣ давлати Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки аз умури сохтмонӣ дар маҳалли ин нерӯгоҳ худдорӣ кунад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки феълан дар нерӯгоҳи “Роғун” умури “бозсозӣ” идома дорад. Шоҳидони айнӣ низ мегӯянд, ки ҳоло миқдори андаки коргарон дар сохтмони ин нерӯгоҳ машғули кор ҳастанд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи душанбеи 15 ноябр дар сайти интернетии вазорати молияи Тоҷикистон гузроише мунташир шудааст, ки тибқи он ҳазинаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ду миллиарду дусад миллион арзёбӣ шудааст.
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки барои сохтмони марҳилаи нахустини ин неругоҳ, ки аз ду турбин иборат аст, маблағи 750 миллион доллар зарур аст. Ин дар ҳолест, ки дар гузашта бархе аз иқтисоддонҳо ҳазинаи кулли ин тарҳро ҳудуди то ҳафт миллиард доллар ҳадс мезаданд. Вале давлати Тоҷикистон иддаъо дорад, ки то чиҳил дарсади умури сохтмонӣ дар “Роғун” дар замони шӯравӣ анҷом шуда ва ду турбин барои фаъол кардани он ҳамакнун харидорӣ шудааст.
Гузашта аз ин, дар чаҳор соли ахир аз буҷаи Тоҷикистон барои идомаи раванди сохтмонӣ дар “Роғун” беш аз 400 миллион доллар ихтисос шуда буд. Тарҳи буҷаи соли оянда низ ихтисоси 200 миллион доллари дигарро дар назар гирифтааст.