Операторони мобилиро андози аксизӣ мебанданд?

Хабари хуб 18.11.2010 09:47

Лоиҳаи қонун "Дар бораи ҷорӣ намудани андози аксизӣ аз истифодаи телефонҳои мобилӣ" дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар ин бора ба "Азия- плюс" аз вазорати молия иттилоъ додаанд. Манбаъ афзудааст, ки лоиҳаи мазкур дар ҳукумати кишвар муҳокима шудааст ва палатаи поёнии парлумон то охири моҳи ноябр бояд ба баррасии он шурӯъ кунад.

Баъди аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон қабул шудани лоиҳаи мазкур, тасдиқи он аз тарафи Маҷлиси миллӣ ва ба он имзо гузоштани Президент ин қонун аз оғози соли 2011 ба ҳукми амал медарояд. Лоиҳаи қонуни зикршуда ворид намудани тағйирот ба моддаи 240- и Кодекси андоз, яъне ситонидани андози аксизӣ аз операторони телефонҳои мобилиро тақозо дорад. Тибқи лоиҳа ҳаҷми ин андоз 3 дар садро ташкил мекунад. Ҷойи қайд аст, ки ҳанӯз соли 2007   ҳамин гуна як лоиҳаи қонун ба ҳукумат пешниҳод шуда буд, ки он ҳаҷми андозро 2 дар сад пешбинӣ карда буд, вале он тасдиқи худро наёфт. Бояд гуфт, ки ба номгӯи маводи андози аксизӣ дошта спирт, нӯшокиҳои масткунанда ва алкоголнадошта, папирос, маводи сӯхт, ҷиҳози ороишии тиллоӣ, нуқрагӣ, мисин, автомошинаҳои сабукрав, чархҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳо дохил мешаванд. Акнун тибқи лоиҳаи пешниҳодкардаи вазорати молия хидмати операторони мобилӣ ҳам ба ин номгӯй ворид шудааст.   Мақомот гуфтаанд, ки назар ба ҳар кишвари дигар дар Тоҷикистон андоз аз ширкатҳои мобилӣ камтар аст. Вале дубора матраҳ шудани ин масъала ба он рабт дорад, ки ахиран Президенти кишвар бар афзоиш ва даромади ҳангуфти ширкатҳои телефонии ҳамроҳ таъкид кард ва зиёни телефони ҳамроҳ ба вазъи иҷтимоӣ ва саломатиро матраҳ намуд. Пас аз он шабакаҳои телевизионӣ ба мавзӯъи зарари телефон пардохтанд.

Тибқи маълумоте, ки қаблан вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов ироъа намуда буд, дар Тоҷикистон аз ҳама дараҷаи пасти андоз барои ширкатҳои мобилӣ дар муқойиса бо дигар кишварҳо ҷорӣ аст. Вазири молия гуфтааст, ки "дар маҷмӯъ гардиши молии операторҳои мобилӣ 1 миллиарду 800 миллион сомониро ташкил мекунад, вале дар қиёс бо ин маблағ андози хеле ночиз пардохт мекунанд."

Ба гуфтаи коршиносон молиёти 3 дарсадаи аксизӣ аз телефонҳои ҳамроҳ танҳо ба зарари муштариён аст, на ба зиёни ширкатҳои мобилӣ. Коршиносон мегӯянд, ин иқдоми давлат, дар сурати амалӣ шудан, ба нафъи худи давлат низ нахоҳад буд, зеро дар сурати ҷорӣ шудани молиёти изофӣ қимати гуфтугӯҳои телефонӣ боло меравад. Он гоҳ ҳам гуфтугӯҳо ва ҳам теъдоди муштариёни телефонҳои мобилӣ метавонад коҳиш ёбад.

Масъалаи дигар ҳам ин аст, ки садҳо ҳазор муштарӣ, ки муҳоҷирони меҳнатианд, маблағи гуфтугӯи худро аз ҳисоби пули ба даст оварда дар хориҷи кишвар пардохт мекунанд, на дар дохили ҷумҳурӣ.

Бинобар ин, масъалаи ҷорӣ кардани андози аксизӣ аз телефонҳои мобилӣ ба баҳси гамре дар чанд рӯзи оянда табдил хоҳад шуд. Он ҳам дар ҳоле, ки масъулини ширкатҳои мобилӣ мегӯянд ҳеҷ кишваре то кунун андози аксизӣ аз телефони мобилиро таҷриба накардааст. Ва агар Тоҷикистон чунин иқдомеро амалӣ кунад, аввалин кишвар дар дунё хоҳад буд.

Тибқи омори расмӣ ҳудуди 80 дарсади сокинони Тоҷикистон аз хадамоти телефони мобилӣ истифода мекунанд. Ширкатҳои мобилӣ даъво доранд, ки тақрибан баробари нуфуси Тоҷикистон шумораи симкорт ба фурӯш расонидаанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97