Мақомоти намояндагии ҳокимият дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҳама бештар 30 ҳолати ҷиноятҳои корупсиониро содир кардаанд.
Шаҳрванд аз ҷамоати деҳоти Сайёди ноҳияи Шаҳритӯс бо ариза ба Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муроҷиат карда, арз кардааст, ки корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус Муродов Исмоил барои аз хидмати ҳарбӣ озод кардани додарарӯсаш Маҳмадаминов Маҳмадсаид аз ӯ 200 сомонӣ пора талаб кардааст. Дар ин бора Ҳикматулло Исматов, сардори шӯъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии Назорати Давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи манбаъ дар таърихи 3-юми ноябри соли ҷорӣ соати 9-30 мутахассиси шӯъбаи якуми комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус Исмоил Муродов баъди аз шаҳрванд Қосимова гирифтани маблағи пораи талабкардааш ба миқдори 200 сомонӣ дар дохили чойхонаи №4 ноҳияи Шаҳритӯс дастгир шудааст.
Аз тарафи шӯъбаи тафтишотии агентии мазкур нисбати Исмоил Муродов бо аломатҳои моддаи 32 қисми 3 ва 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Бино ба гуфтаи Ҳикматулло Исматов ҷиҳати иҷрои банди 30-юми барномаи стратегияи мубориза бо коррупсия ва бо мақсади ба вуҷуд овардани фазои зидди коррупсионӣ ва таҳаммулнопазирии зуҳури фасод дар 6 нуқтаи шаҳри Қӯрғонтеппа овезаҳои ташвиқотӣ насб шудааст. Ин овезаҳо як омили таҳрикдиҳандаи ҷомеа барои ҳамроҳ бо мақомоти давлатӣ мубориза бурдан бар зидди фасод нақши муҳим мебозад.
Ҳикматулло Исматов афзуд, ки дар 9 моҳи соли 2010 ба худи раёсати вилоятии агентӣ зиёда аз 300 арзу шикоят ворид шудааст. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки мардум дар мубориза бар зидди корупсия фаъолона иштирок доранд. Аз тарафи тамоми мақомот дар тамоми вазорату идораҳо бояд барномаҳои зидди коррупсионӣ ташкил дода шаванд. Бо қарорҳои раисони ноҳия комиссияҳои мубориза бо коррупсия таъсис дода шудааст, дар ҳоле ки то 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар бархе ноҳияҳо чунин комиссияҳо вуҷуд надоштанд.
Ҳикматулло Исматов ҳамчунин гуфт, ки аз тарафи роҳбари идораи мо танҳо дар як ноҳияи Шаҳритӯс дар як ҳафта 20 арзу шикоят қабул карда шуд. Азбаски ин ҳама арзу шикоятҳо ба тобеияти мо дохил намешаванд, ҳамаи он ҳама арзу шикотяҳоро ба мақомотҳои ваколатдори ин ноҳия пешниҳод шуданд.
Тибқи иттилои ба даст омада, дар 9 моҳаи аввали соли ҷорӣ ҳайати шахсии раёсат 197 адад ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ доштаро ошкор караанд. Аз ҷиноятҳои номбаршуда аз ҳама бештар 30 ҳолат нисбати мақомоти намояндагии ҳокимият, 11 адад кормандони ВКД, вазорати мудофиа 7 ҳолат, вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиат 11 ҳолат, вазорати маориф 27 адад молия 3 адад, вазорати мелиоратсия ва захираҳои об 21 адад, агентии заминсозӣ ва захирасозӣ 10 адад мақомоти прокуратура 4 адад ва ғайраҳо мебошад.