Президент сиёсатҳои мубориза бо терроризмро танқид кард

Хабари хуб 10.11.2010 09:24

Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар гуфт, ки дар бозиҳои геополитикӣ аз терроризм ҳамчун як васила истифода мешавад. Ӯ ин матлабро рӯзи 9 ноябр дар суханронии худ дар ҳузури ширкаткунандагони ҳамоиши раҳбарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои муштаракулманофеъ дар шаҳри Душанбе эълом кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла гуфт: «Дар пайи пасомадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ки ба сиёсати давлатҳо низ таъсир расондааст, терроризм ба яке аз воситаҳои асосии бозиҳои геополитикии баъзе нерӯҳои сиёсӣ табдил ёфтааст.»

Ӯ зимни ёдоварӣ аз қатъномаи 1377 Созмони Милали Муттаҳид, ки терроризм ва кишварҳои пуштибони онро маҳкум мекунад, таъкид кард, ки ҳоло низ ин санад «басо муҳим» аст. Президент таъкид кард: «Террорист ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад ва ба роҳ мондани сиёсати дугона нисбат ба нерӯҳои террористӣ дар ҳама ҳолатҳо бояд қатъиян маҳкум карда шавад.»

Ин хабарро маркази матбуотии дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пахш карда, вале рӯшан нест, ки оё Президент Раҳмон дар ин замина мисоли мушаххасе ироа кардааст ё не. Вале раиси ҷумҳурии Тоҷикистон афзудааст, ки дар шароити феълӣ ҳеҷ як аз кишварҳои ҷаҳон наметавонад ба танҳоӣ аз хатароти терроризм ва ифротгароӣ «эмин бошад.»

Дар муроҷиъа ба ширкаткунандагони ин ҳамоиш Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст, ки кишварҳои мухталиф бояд ҳамкориҳои худ дар заминаи истифода аз фановариҳои ҷадидро тақвият диҳанд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз раҳбарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои муштаракулманофеъ тақвияти муҳофизат аз «фазои иттилоотии» ин кишварҳоро дархост кардааст.

Аз сӯйи дигар, ба бовари Раиси ҷумҳур, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум роҳи муассири мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ аст. Зеро ба гуфтаи ӯ, дар ин сурат заминаҳои иҷтимоии терроризм «решакан» мешавад.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон маводди мухаддирро аз манобеъи молии муҳимме барои фаъолиятҳои террористӣ ва ифротгароӣ арзёбӣ кард. Ба ин далел, ӯ даъват кард, ки мубориза бо қочоқи маводди мухаддир бояд ба бахши аслии мубориза бо терроризм табдил дода шавад. Ба гуфтаи Раиси ҷумҳур, дар даҳ соли ахир ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон беш аз 68 тон маводди мухаддирро кашф ва мусодира кардаанд, ки 28,5 тон аз он героин мебошад. Ӯай ҳамчунин хабар дода, ки дар пайи амалиёти муштараки ниҳодҳои амниятии Тоҷикистону Афғонистон дар қаламрави кишвари ҳамсоя 19 коргоҳи тавлиди героин аз байн бурда шудааст.

Зимнан, Иҷлоси раҳбарони ниҳодҳои амниятии кишварҳои узви Иттиҳодияи Кишварҳои Муштаркулманофеъ рӯзи 8 ноябр оғоз шуд ва то 10 ноябр идома ёфт.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ, мавзӯъоти доғи амниятӣ ва ҳамоҳангии фаъолияти ниҳодҳои марбутаи кишварҳои узви ин иттиҳодия дар заминаи мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии минтақаӣ дар дастури кори нишасти Душанбе буд. Мақомоти амниятӣ дар ин ҷаласа ҳамчунин масоили қочо¬қи аслиҳа, маводди мунфаҷира ва маводди мухаддир тавассути гурӯҳҳои байналмилалии ҷиноиро баррасӣ карда ва перомуни мушкилоти марбут ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва қочоқи инсон табодули назар карданд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97