Бозгашти донишҷӯёни тоҷик аз Мисри Араб

Хабари хуб 10.11.2010 09:22

Як теъдод донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳи Ал-Азҳари ҷумҳурии Мисри Араб таҳсил мекарданд ба Тоҷикистон баргаштаанд. Ба гузориши хабаргузориҳо, ҳавопаймоҳои Тоҷикистон, ки зоирони тоҷикро ба кишвари Арабистони Саудӣ интиқол дода буданд, дар бозгашт ин донишҷӯёро ба ватан овардаанд.

Ҳавопаймои ҳомили донишҷӯёни тоҷик субҳи имрӯз дар фурӯдгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе фуруд омада ва гуфта мешавад беш аз 100 нафар дар матни худ доштааст.

Ҳоло маълум нест, ки наҳваи бозгашти ин донишҷуён чӣ гуна будааст ва онҳо ихтиёрӣ ба ватан бозгаштаанд ва ё иҷборӣ чунин тасмиме гирифтаанд.

Қаблан масъулини Кумитаи дин гуфта буданд, ки дар бораи дар мадориси хориҷӣ таҳсил кардани 1432 толибилми тоҷик маълумот ҷамъоварӣ шудааст. Иқдоми бозпас хондани навҷавонҳои тоҷик аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ дар охири моҳи август ва дар пайи суханронии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуд.

Вай аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки бештари онҳое, ки дар хориҷ аз кишвар дар мадрасаҳои динии исломӣ таълим мегиранд, ба гурӯҳҳои тундраву ҳатто террористӣ мегароянд. Эмомалӣ Раҳмон ба думбол аз волидайни чунин толибилмон даъват кард, ки фарзандони худро аз мадориси хориҷӣ бозпас бихонанд.

Аммо ҳам раиси ҷумҳур ва ҳам масъулони Кумитаи дин дар ин маврид аз кадом як кишвари хосе ном намебаранд.

Ахиран дар як филми мустанад бо номи «Масири гумроҳон», ки ҳама шабакаҳои телевизонии кишвар намоиш доданд, гуфта шуд, ки чанд тан аз ҷавонҳои тоҷик дар мадрасае дар Вазиристони Покистон таълимоти террористӣ мегиранд.

Мақомот бо ишора ба собиқаи бархӯрди мардум бо ҷараёнҳое, чун салафия мегӯянд, аз он тоифа донишҷӯёне дар ҳаросанд, ки дар хориҷ таълимоти ғайриҳанафӣ гирифта, метавонанд фитнаҳои наверо дар кишвар ба по кунанд.

Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ, дар робита ба бозгашти донишҷӯёни тоҷик аз Миср гуфтааст, ки онҳоро баъд аз санҷиш ва аттестатсия, дар донишгоҳҳои кишвар шомил хоҳанд кард.

Ӯ афзудааст, ки дар асоси супориши махсуси ҳукумат, кумитаи онҳо дар ҳамоҳангӣ бо вазорати маорифи кишвар барои ба таълим фаро гирифтани ҷавонони бозгашта аз хориҷо тадбирҳо хоҳанд андешид.

Ҷаноби Холиқов зикр кард, ки иддае аз афроди бозпасомада солҳои зиёдро хориҷ сипарӣ намуда, вале ба ягон донишгоҳу донишкада дохил нашудаанд.

Дар посух ба тақдири ҷавонони тоҷик, ки дар донишгоҳҳои исломии Покистон ва Арабистони Саудӣ таҳсил мекунанд, раиси Кумитаи дин мегӯяд, ки ӯ худ бо донишҷӯёни тоҷик дар Мадина ва Макка сӯҳбат доштааст ва онҳо аз сиёсати давлат пуштибонӣ мекунанд. Вай афзуд, ки онҳо ҳоло баъзе корҳои вобаста ба ҳуҷҷатгузорӣ бо донишгоҳҳои вобастаи худ доранд ва дар сурати анҷоми он ба кишвар пас хоҳанд омад.

Ҷаноби Холиқов афзуд, ҷараёни ҷобаҷокуниии афроди бозомада аз мушкил холӣ нест, вале изҳори умедорӣ кард, ки он ҳалли худро пайдо кунад ва онҳое, ки имкони идома додани таҳсилро доранд, дар донишкадаву донишгоҳҳои кишвар шомил шаванд.

Раиси Кумитаи дин таъкид кард, ки бо ин ҷавононе, ки аз кишварҳои исломӣ пас мегарданд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97