Маркази исломии Тоҷикистон ба хабаргузории давлатии «Ховар» иттилоъ додаст, ки иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои мусулмонии ҷаҳон 16 ноябри соли 2010 ҷашн гирифта мешавад.
Қарори марбута оид ба муайян кардани рӯзи Иди Қурбон 9 ноябр дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламои Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Марказии исломии Тоҷикистон Сайидмукаррами Абдулқодир бо иштироки имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ҷумҳурӣ доир шуд, қабул гардид.
Назар ба иттилои корманди масъули Маркази исломии Тоҷикистон Раҳматулло Саъдуллоев, 16 ноябр соати 7-30 дақиқа дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози иди Қурбон гузошта мешавад.
Зимнан, ҳамин хабаргузорӣ иттилоъ додаст, ки ба ҷо овардани маросими ҳаҷи фарзӣ, яке аз рукнҳои асосии дини мубини Ислом буда, баргузории он дар арафаи Иди Қурбон рост меояд. Мавриди зикр аст, ки дар соли равон беш аз 5 ҳазор зойирини тоҷик ҷиҳати ба ҷо овардани маросими ҳаҷи фарзӣ ба Макка сафар карданд.
Бозгашти нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба ватан 22 ноябр оғоз ёфта, 7 декабр анҷом меёбад.