Сокини 48 солаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Мирзои Алихон бо роҳи худсузӣ ҷони худро бохт.
Тибқи иттилоъи расида аз беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ номбурда шоми рӯзи 8-уми ноябр бо истифода аз маводи сӯзишвории бензин худро оташ задааст.
Пайвандони Мирзо иброз медоранд, ки дар чанд соли охир дар оилаи онҳо баҳсу мунозираҳо бобати манзил идома дошт.
Мирзои Алиҷон собиқ узви фаъоли Фронти Халқӣ, ки замони ҷанги дохилӣ бо исми Мирзо «головорез» ном бароварда буд, баъди Имзои Созишномаи Сулҳ ба зиндагии осоишта гузашта, ба кишоварзӣ машғул буд.
Ӯ ҳамсар ва 6 нафар фарзандонашро бесаробон монда, даст ба худсӯзӣ задааст. Тибқи гуфтаи ҳамдеҳагон, ӯ баъди як муноқишаи оилавӣ худкушӣ кардааст, ки бар асари ин оташсӯзӣ 92% баданаш сӯхтааст.
Аз рӯи маълумоти оморӣ, дар 9 моҳи соли равон дар ҳудуди Хатлон 86 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳолат бештар аст. Дар 37 ҳолат мардон ба худкушӣ даст зада, аз шумори умумии худкушиҳо 17 нафар аз ҷумлаи ноболиғон будаанд.
Гуфта мешавад, ки бештар нафароне даст ба худкушӣ мезананд, ки ба бемориҳои рӯҳиву равонӣ гирифторанд. Дар дигар ҳолатҳо мушкилиҳои иҷтимоӣ боиси қасд ба ҷони ширин кардани сокинон шудааст.