Шаҳрдор: Татбиқи Нақшаи генералӣ - ҳуқуқи соҳибмулконро поймол нахоҳад кард

Хабари хуб 08.11.2010 13:49

Аз дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе ба нашрияи «Миллат» хабар расид, ки барои татбиқи Нақшаи кул ё нақшаи генералии шаҳри Душанбе бархе аз қитъаҳои замин ва дигар иншооти сади роҳ барои татбиқи ин нақша гирифта мешавад.

Сухангӯи шаҳрдори Душанбе ба зарурати татбиқи Нақшаи генералии пойтахт таъкид карда афзуд, ки дар ҳудуди заминҳои минтақаи фарогири таҷдиди Ипподром ва табдили он ба Наврӯзгоҳи шаҳрӣ, дар кӯчаи Тахмоси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, сохтмони Гимназия- интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони лаёқатманд дар шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Панҷруд ва қисмати дуюми идомаи бунёди иншооти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар кӯчаи Ҳисораки маҳаллаи Буни Ҳисораки ноҳияи Сино қитъаи замини манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва дигар иншооти ҷойгирбуда барои эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифта мешаванд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ба 231 молики хонаҳои истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи Тахмоси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва 50 молики хонаҳои истиқоматии дар кӯчаҳои Панҷруд ва Ҳисораки маҳаллаи Буни Ҳисораки ноҳияи Сино, аз ҷониби шаҳрдорӣ тибқи қонунгузории амалкунанда хонаҳои (квартираҳо) баробарарзиш дода мешавад ва ё бо хоҳиши онҳо ҷуброни зарар бо арзиши бозорӣ пардохт карда мешавад.

Зимнан, шаҳрдорӣ эълом кардааст, ки бинобар сабаби маҳдуд будани хонаҳои (квартираҳо) фонди манзили коммуналӣ шаҳрдорӣ айни ҳол имконияти пешниҳод кардани хонаҳои иҷоравӣ ва фурӯши онҳоро бо шартҳои боимтиёз надорад ва муваққатан баррасии ин гуна муроҷиатҳо қатъ карда мешавад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97