Ёрони ҷиноятии Худойбердиев маҳкум шуданд

Хабари хуб 06.11.2010 13:08

Мавлонов Алишер, сокини ноҳияи Шаҳритус бо ҳукми додгоҳи вилояти Хатлон ба мӯҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Дар ин бора додситони шӯъбаи калони прокуратураи вилояти Хатлон Баҳром Шомиров иттилоъ дод.

Ба гуфтаи манбаъ, нафари маҳкумшуда дар солҳои 1997-ум ба гурӯҳҳои мусаллаҳи Бадалов Усмонҷон ва Қулахмедов Исмоил, ки ба Иттиҳоди ҷиноятии ташкил кардаи собиқ Қумандони бригадаи савораи тирандози зудамали назди Президенти ҶТ Маҳмуд Худойбердиев дохил мешуд, дар ҳайати ин гурӯҳ ба ҷиноятҳои барои ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ва бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зуроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият даст задааст.

Тибқи маълумотҳои парвандаи мазкур айбдоршаванда Мавлонов Алишер 12 нафар ҷавонони узбактабори деҳаи чаҳоршанбеи ҷамоати Холматови ноҳияи Шаҳритусро бо роҳи зӯроварӣ бо аслиҳаи оташфишон шомили гурӯҳи худ карда, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус дидбонгоҳи ғайриқонунӣ ташкил намуда, бар зидди ҳукумат ҷангидаанд.

Мавлонов Алишер бо дастрасии аломатҳои моддаҳои 185 қисми 1 ва 306 Кодекси ҷиноятии ҶТ айбдор дониста шуда, ба мӯҳлати 15 сол равонаи зиндон шуд.

Ба гуфтаи Баҳром Шомиров дар ҳаракатҳои он 12 нафар ҷавононе, ки бо роҳи зурӣ ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ дохил карда шудаанд, ягон намуд ҷиноят содир нашудааст. Аз ин рӯ нисбати ягон нафар аз онҳо парвандаи ҷиноятӣ боз нашудааст. Дар ҳамин соли 2010 ин 9-умин парвандаи ҷиноятӣ нисбати тарафдорони Маҳмуд Худойбердиев мебошад, ки танҳо шӯъбаи тафтишоти парвандаҳои ҷиноятии махусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон тафтиш карда, ба додгоҳ фиристодааст.

Дар ҳамин шабу рӯз инчунин дар додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа мурофиаи ду нафар аз дигар собиқ хидматчиёни қисми ҳарбие, ки роҳбарии онро ошӯбгар Маҳмуд Худойбериев ба ӯҳда дошт, ба итмом расид. Бо ҳукми суди мазкур шаҳрвандони Ҷӯраев Шавкат ба мӯҳлати 15 сол ва Нуров Мансур ба мӯҳлати 13 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Саидҷаббор Алиев, вакили дифоъи маҳкумшуда Мансур Нуров дар сӯҳбат бо хабарнигорон иброз дошт, ки якчанд далелҳои муҳиме дорад, ки метавонад беасос баровардани ҳукмро нисбати зерҳимоячиаш исбот кунад. Айни ҳол онҳо ба мақомоти болоии додгоҳӣ шикояти касатсионӣ фиристодаанд. Ӯ афзуд:

«Ман намехоҳам ки далелҳои маро пеш аз мурофиаи додгоҳӣ донанд. Аз ин рӯ аз шарҳи далелҳои ҷамъовардаам айни ҳол худдорӣ менамоям».

Ҷамолиддини Усмониён, Хатлон

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97