Таҳияи шиносномаҳои биометрии тоҷикӣ дар Русия

Хабари хуб 05.11.2010 16:10

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба таври муваққат ва ё доим сокини Русия ҳастанд, эълом кардааст, ки Хадамоти Консулии Сафорат таҳияи шиносномаҳои биометриро шурӯъ кардааст.

Барои гирифтани шиносномаи биометрӣ шаҳрванди Тоҷикистон бояд шахсан ба конуслгарии ин Сафорат муроҷиат карда, ариза барои гирифтани шиносномаи биометрӣ, шиносномаи ватанӣ ва ё шиносномаи хориҷӣ, расид (квитансия) дар бораи пардохти хироҷи консулгариро бо худ дошта бошад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97