Зиндагӣ дар Тоҷикистон беҳтар шудааст

Хабари хуб 05.11.2010 15:07

Созмони Милали Муттаҳид гуфтаанд, ки Тоҷикистон дар феҳрасти сатҳи зиндагӣ ва рушди инсонӣ дар қиёс бо соли рафта понздаҳ рада боло рафтааст. Соли равон давлати Тоҷикистон эълом карда буд, ки ҳудуди панҷоҳ дар сади аҳолиаш дар фақр мезияд. Дар феҳрасти соли ҷорӣ кишвари мо дар миёни 169 кишвари дунё мақоми 112-ро ишғол карда, ки дар гузориши соли гузашта дар ҷойи 127 қарор дошт.

Кишварҳое чун Норвегия, Зеландияи нав, Австралия   ва ИМА мамолики сатҳи беҳтарини рӯзгор дошта унвон шудаанд. Аз миёни кишварҳои собиқи Шӯравӣ давлати Эстония ба ин гурӯҳ шомил шуда, дар мақоми 34 қарор дорад. Бархе аз кишварҳои дигари пасошӯравӣ, назири Белорус дар радаи 61, Русия 65, Қазоқистон 66 ва Украина 69 дар гурӯҳи кишварҳои дорои шароити хуби зиндагӣ ворид шудаанд.

Дар гузориши рушди инсонии СММ ҳамасола ахборе дар бораи тӯли умри инсон, дастрасӣ ба хидматрасонии тиббӣ, таҳсилоту омӯзиш, тавлидоти нохолиси миллӣ ва далоили дигаре ҷамъоварӣ, таҳқиқ ва таҳлил мешаванд. Барои мисол мутобиқи ин гузориш, дарозии миёнаи умри одамон дар Тоҷикистон 67,3 сол аст. Ин рақам дар Русия 67,2, дар Қазоқистон 65,4, дар Озарбойҷон ва Узбакистон 68,2 сол аст. Тӯли миёнаи умри инсон дар Зимбабве 46 сол аст, ки яке аз пасттаринҳост.

Дар гузориши соли 2007 СММ дар бораи камолоти инсонӣ мизони дарозумрии одамон дар Тоҷикистон 66,4 сол буд ва дар се соли ахир тӯли умри инсон дар Тоҷикистон ба беш аз як сол афзоиш ёфтааст.   Таҳлилгари масоили иҷтимоӣ Фирӯз Саидов зимни шарҳи ин гузориши СММ мегӯяд, ки бештари нишондоди он дар нисбати Тоҷикистон ба воқеъият наздик аст. Мавсуф бо ишора ба тардидҳо дар бораи бархе аз омори расмӣ гуфт: "Дурустии арқоми расмие, ки дар ин гузориш оварда шудаанд, ба дӯши Агентии омори Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ аст, вале ҳақиқат ин аст, ки вазъи зиндагии мардуми тоҷик то ҷое беҳбуд ёфтааст."

Аз ҷониби дигар ба гуфтаи ҷаноби Саидов Тоҷикистон дар қиёс бо бисёре аз кишварҳои дунё аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ зиёни камтаре дидааст, ки дар ниҳоят, ба боло рафтани мақоми ондар феҳрасти СММ сабаб гардидааст. Интиқоли маблағҳо аз сӯйи муҳоҷирони кории тоҷик бахши аслии иқтисоди кишварро ташкил медиҳад, ки дар пайи бӯҳрони молиявӣ ҳарчанд коҳиш ёфта, вале ба андозаи зиёни иқтисодие набудааст, ки кишварҳои дигар гирифтори он шудаанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97