3 ноябр дар иҷлосияи Маҷлиси Намояндагон қонун дар бораи «Маҳдуд сохтани истифода аз маҳсулоти тамоку» ба тасвиб расид. Тибқи нишондоди қонун акнун дар Тоҷикистон дар макотибу донишгоҳҳо, муассисоти фарҳангӣ, варзишӣ ва тандурустӣ, фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан кашидани сигор мамнӯъ эълом шудааст. Ба ҳукми амал даромадани ин қонун пас аз ба он имзо гузоштани Президенти ҷумҳурӣ аз моҳи январи соли 2011 оғоз меёбад.
Ба қавли Абдуҷаббор Қодиров, муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон, ки пешнависи ин қонунро дар иҷлосияи парлумон муаррифӣ кардааст, дар пайи афзоиши бемориҳои мухталифи шушу роҳи нафас мавзӯъи эъмоли маҳдудият дар заминаи сигоркашӣ дар кишвар матраҳ гардидааст. Ҷаноби Қодиров гуфт, ки дар қонуни ҷадид дар канори манъи кашидани сигор дар ҷойҳои умумӣ ҳамчунин фурӯхтани сигор ба наврасон ё истифода аз онҳо дар фурӯши маҳсулоти тамоку низ мамнӯъ шудааст. Тоҷикистон дар замони шӯравӣ яке аз ҷамоҳири тавлидкунандаи тамоку маҳсуб меёфт ва дар он замон низ истифода аз нерӯи занону кӯдакон дар ҷамъоварии тамоку аз масоили баҳсӣ ва доғи ҷомеъа буд.
Ба ҷуз ин қонуни ҷадид фурӯши маҳсулоти тамоку дар фосилаи камтар аз 100 метр аз муассисоти таълиму тарбиявӣ, тандурустӣ ва фарҳангиро мамнӯъ медонад. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон, мавзӯъи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мамнӯъ кардани нос, навъи дигаре аз маҳсулоти тамокуро низ матраҳ кард. Кабирӣ гуфтааст, ки умдатан сокинони Тоҷикистон дар истгоҳҳои роҳи оҳану фурудгоҳҳо ва ҳатто дар дохили ҳавопаймо аз нос истифода мекунанд. Ба эътиқоди вай, ба ҳангоми партоби пасмондаи нос амокини умумӣ ё солуни ҳавопаймо касиф шуда ва ин амр ба эътибори миллати тоҷик латма ворид хоҳад кард.
Аъзои парлумон ин пешниҳоди Кабириро пазируфтанд ва ба ин тартиб, кашидани нос низ дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ мамнӯъ эълом шуд. Дар иҷлосияи парлумон таъкид шуд, ки дар сурати нақзи муқаррароти қонуни ҷадиди “Маҳдуд сохтани истифода аз маҳсулоти тамоку” ашхоси алоҳида ё муассисот бар асоси Қонуни ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон муҷозот хоҳанд шуд. Ҳамзамон дар ин санади ҳуқуқӣ аз раҳбарони корхонаву муассисоти давлатию хусусии Тоҷикистон талаб шудааст, то барои афроди сигоркаш ҳуҷра ё ҷойю макони хоссае ихтисос диҳанд. Ҷумъабой Сангинов, вакили Маҷлиси намояндгон зимни ишора бар зарари сигор ба сиҳати инсон гуфт, ки ҳамасола дар дунё беш аз 6 миллион нафар бар асари сӯиистифода аз сигор ба марг мерасанд.
Соли 2005 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ қарордоди мубориза бар зидди тамокуро қабул намуд, ки то имрӯз 160 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам ин қарордодро ба имзо расонидаанд.