Черномирдин даргузашт

Хабари хуб 05.11.2010 11:37

Виктор Черномирдин, собиқ раиси Ҳукумати Русия, дар синни 72 даргузашт. Номбурда аз соли 1993 то соли 1998, замоне ки Борис Елсин президенти Русия буд, вазиваи нахуствазирии ин кишварро бар дӯш дошт. Коршиносони тоҷик мегӯянд, ки ҷаноби Черномирдин тӯли ин солҳо, ки Тоҷикистон гирфтори хонаҷангӣ буд, дар равандҳо ва равобити сиёсии миёни ин кишвар ва Русия саҳм дошт.

Давлат Усмон, аз раҳбарони мухолифони пешин, мегӯяд ҳарчанд Виктор Черномирдин бештар дар сиёсати иқтисодии Русия дасти қавӣ дошт, аммо "медонем, ки иқтисод ва сиёсат бо ҳам тавъам ҳастанд." Ҷаноби Усмон муътақид аст: "Нақши Русия ҳам дар оғоз ва ҳам дар поёни муноқишаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон калидӣ буд. Ва чун ҷаноби Черномирдин дар ин давра нахуствазир буд, ӯ ҳам дар ин раванд нақш дошт." Вай афзуд: "То ҷое ки ман ёд дорам, вай барои натиҷа додани яке аз давраҳои музокироти сулҳи миёни тоҷикон дар Маскав дар соли 1996 заҳмати зиёде кашида буд." Виктор Черномирдин барои "талошҳои сулҳсозиаш дар Балкан ва фаъолияташ дар сиёсати хориҷӣ" дар соли 1999 барои дарёфти Ҷойизаи сулҳи Нобел номзад шуда буд. Вай аз соли 2001 то 2009 Сафири Русия дар Украина буд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97