«Сангтӯда-2» ба таъхир меуфтад

Хабари хуб 05.11.2010 11:19

Масъулини ширкати «Сангоб»-и Ирон гуфтаанд, ки ба кор шурӯъ кардани нахустин чархаи нерӯгоҳи Сангтӯда-2 дар зимистони имсол номумкин аст. Ин дар ҳолест, ки Душанбе ба тавлидоти нахустин чархаи ин нерӯгоҳ дар фасли сармои имсол умед баста буд.

Раиси ширкати «Сангоб» Саид Асғарӣ, ки ба бунёди ин нерӯгоҳ бо сармояи Ирон машғул аст гуфтааст: «Супурдани як воҳид агрегати Сангтӯда-2 дар зимистони имсол аслан имконпазир нест ба ин далел, ки кори васлу насби таҷҳизот тоза шурӯъ шуда аст. Бар асоси қарордоди имзошуда, ин нерӯгоҳ дар моҳи феврали 2012 бояд мавриди истифода қарор гирад, вале мо талош дорем ин корро пеш аз мӯҳлат иҷро бикунем. Аммо ин ҳам маълум нест, зеро дар сохтмон иттифоқоте ба вуҷуд меояд, ки берун аз масуълияти мо ва давлати Тоҷикистон аст»

Оқои Асғарӣ илова кард, ки барои мисол ба далели банд мондани таҷҳизоти колоҳои мо дар марзи Узбакистон, шаш моҳ мӯҳлатро аз даст додем. Аммо оқои Асғарӣ тайид кард, ки дар 28-уми моҳи ноябр ба бастани маҷрои рӯдхона ва сохтмони баданаи садд шурӯъ хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки ба қавли Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи Тоҷик» мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ва 20 нерӯгоҳи хурди дигар камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон нисбат ба солҳои пешинро аз 4 миллиард то 2 миллиард киловат соат коҳиш додааст ва ба ин шумор пайвастани нирӯгоҳи дуввуми Сангтӯда метавонист шиддати бӯҳрони барқро боз ҳам камтар кунад.

Гул Шералӣ, вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон ба таъкид аз беҳтар шудани шароити барқрасонӣ ба мардум имсол нисбат ба солҳои пешин гуфт: «Обанбори Норак нисбат ба соли гузашта ҳудуди 1 метр аз меъёр зиёд об дорад. Ва имсол мо ба пур кардани обанбори Сангтӯда шурӯъ кардем. Ҳамчунин истифода аз нерӯи силсиланерӯгоҳҳо дар рӯдхонаи Вахш имкон медиҳад барқрасонӣ ба мардум нисбат ба соли гузаштаро беҳтар кунем».

 Ба гуфтаи вазорати саноат ва энергетикаи кишвар дар сурати ба истифода додани нерӯгоҳи Сангтӯда-2, ки 220 меговат тавоноӣ дорад, камбуди барқ дар фасли зимистон барои мардумро ба маротиб коҳиш хоҳад дод.
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97