Сокина то ҳол қатл нашудааст

Хабари хуб 05.11.2010 11:18

Ҷониби Ирон хабарҳоро дар мавриди он ки хонум Сокина Муҳаммадии Оштиёниро барои зино ва ширкат дар куштори шавҳараш ҳатман ба қатл мерасонад, рад кард.

Сокина дар аввал маҳкум ба сангсор шуда буд, вале баъд аз вокунишҳои байналмиллалӣ ин ҳукми додгоҳ ба таъхир гузошта шуд. Кумитаи байналмиллалии зидди сангсор марказаш дар Олмон мегӯяд, ин ҳафта хабаре расида, ки Сокинаро ба дор мекашанд. 4 ноябр сафорати Ирон дар Лондон дар эъломияе қатли ҳатмии Оштиёниро рад карда гуфтаанд, ки то ҳол масоили қонунии ин парванда дар додгоҳ баррасӣ мешавад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97