Президенти сербҳо барои кушторҳо узр хост

Хабари хуб 05.11.2010 11:17

Президенти Сербистон Борис Тадич барои куштори дастаҷамъонаи мардуми хорват, ки дар соли 1990 дар мавзеъи Вуковар аз ҷониби сербҳо ваҳшиёна ба қатл расидаанд, узр хост.

Тадич нахустин раҳбари сербҳост, ки аз Ойчара, маҳалле, ки дар наздикии шаҳраки Вуковар гӯри дастаҷамъии хорватҳо қарор дорад, боздид намудааст. Соли 1991 зери фармондеҳии артиши сербҳо шӯришиён тақрибан 260 хорватро ба қатл расонданд. Президент Тадич бар пояи лавҳаи ёдгории қурбониён гулчанбар гузошт. Ин боздиди Борис Тадич қадаме ба сӯи мусолиҳаи ду миллат арзёбӣ мешавад, ки барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо талош доранд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97