Дар Тоҷикистон 7 ноябр ҳамчун Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад. Вазорати фарҳанги кишвар хабар додааст, ки маросими ҷашн дар театри ҷавонони ба номи Маҳмуд Воҳидови пойтахт дар назар аст.
Дар ин рӯз чандин намоишномаи театрӣ низ пешкаши мардум мегардад, ки “Табиби зӯракӣ”, “Нидо”-и Барзу Абдураззоқов, “Кабки қафас”-и Темур Зулфиқоров дар таҳияи коргардон Баҳодур Миралибеков аз ҷумлаи инҳоянд. Театри касбии тоҷик ҳанӯз 81 сол пеш аз ин дар рӯзи 7-уми ноябри соли 1929 ташкил ёфтааст.