3 ноябри соли равон муовини доимии вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи шимолӣ ва раиси хидмати дипломатии Британияи Кабир Ҷаноби Саймон Фрейзер ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, тайи ду рӯз ин ҷо қарор дошт.
Ҷаноби Фрейзер бо президенти Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, роҳҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Британияи Кабир ва Тоҷикистон ва масоили ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро муҳокима намуданд. Ҳамчунин муовини вазири корҳои хориҷаи Британияи Кабир бо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, бо генерал Рамил Надиров, сардори Сарситоди кулли вазорати дифоъ ва Ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дидорбинӣ кардааст.
Ҷаноби Фрейзер ба симмати муовини доимии вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи шимолӣ аз моҳи сентябри соли равон фаъолият дорад. Ҳадаф аз сафари ӯ ба Тоҷикистон ин боло бурдани сатҳи муносибот миёни Тоҷикистону Британияи Кабир ва ҳамчунин идома бахшидани ҳамкориҳо дар масоили кӯмак ба Афғонистон мебошад. Мавсуф сафари кории хешро ба Тоҷикистон хеле муҳим арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки дидору мулоқотҳои ӯ муносибатҳои ҳар ду кишварро боз ҳам рушд мебахшад. Баъд аз зуҳри 4 ноябр Ҷаноби Фрейзер барои идомаи сафари хеш вориди Ӯзбакистон шуд.