Мавҷуд набудани девори муҳофизатӣ дар атрофи мамнӯъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» яке аз мушкилиҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Ҷангалбон Иброҳим Худойбердиев мегӯяд, ки набудани девори муҳофизатӣ ба вазъи табиии манӯъгоҳи «Бешаи палангон» зарари ҷиддӣ мерасонад. Гирду атрофи беша бояд маҳкам бошад, то мардум сарҳади онро убур накунанд, ё ҳайвонот аз беша ба берун набароянд.
Сафар Бобоев, як тан аз ҷангалбон мегӯяд, ки ҳар ҷангалбон муҳофизати аз 1 то 1,5 ҳазор гектар ҷангалро бар дӯш дорад. Гарчанде мо бо техника ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин ҳастем, аммо аз қочоқчиён эмин нестем. Ба гуфтаи Сафар дар ҳамин шабу рӯз ҳайвоноти беша банди тӯланд, яъне мавсими алоқаи вуҳуш аст. Аз ин рӯ дар беша танҳо гаштугузор кардан хатар дорад, зеро дар ин айём ҳайвоноте чун гургу гиенҳо(саггургҳо), шағолу гурбаҳои ваҳшӣ,хук ва дигар намуди ҳайвоноти ваҳшӣ хеле эҳсосӣ ва хашмолуда мешаванд
Ба гуфтаи Нуриддин Сайфуллоев, сардори мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» бояд аҳолӣ аз атрофи ҷангал то 3 км дур зиндагӣ кунад. Барои ташкили садди муҳофизатӣ бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон бояд аз ҳисоби заминҳои ноҳияҳои ҳамсарҳади беша Панҷ, Ҷилликӯл ва Қумсангир 11 ҳазор гектар замин ба марзи мамнӯъгоҳ илова карда шуд. Дар ҳамин ҳол масъулини ҳукумати ноҳияи Қумсангир иброз медоранд, ки бо иштироки роҳбарияти «Бешаи палангон» аз ҳисоби заминҳои ноҳия 6 ҳазору 741гектар замин ҷудо карда, ба ихтиёри онҳо додаем. Аммо роҳбарияти манӯъгоҳ 421 гектари ин заминҳоро, ки ба хоҷагиҳои ҷамоати деҳоти «Яккадинг»-и ноҳияи Қумсангир тааллуқ доштааст, қабул накардаанд, зеро ин қитъаҳои замин аз ҳисоби кишти пахта қарздоранд.
Мушкилоти дигаре, ки ҷангалбонони мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон»-ро ба ташвиш меоварад, ин пайдоиши морсарҳо дар кӯлҳои ин беша мебошад, ки бойиси аз байн рафтани обхокиҳое мисли қурбоқа ва морҳои обӣ гаштааст. Нуриддин Сайфуллоев, директори мамнӯъгоҳ аз қавли сокинони назди беша меорад, ки дар солҳои қаблӣ аз овози қурбоққаҳо шабҳо хоб карда наметавонистаанд. Чӣ қадар қурбоққаҳо зиёд шуда будаанд. Вале ин намуди морсаре, ки дар инҷо пайдо шудааст, бойиси нобуд шудани қурбоққаҳо ва морҳои обии кӯлҳои мамнӯъгоҳ шудааст.
Тибқи маълумоти ба дастомада масоҳати умумии мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» ҳамроҳ бо заминҳои сади муҳофизатӣ имрӯз ба 60 ҳазор гектар расидааст. Имрӯз дар Бешаи палангон 45 намуд ҳайвоноти ваҳшӣ, 215 намуди паррандаҳо, 12 навъи моҳӣ ҳаёт ба сар мебаранд. Дар беша зиёда аз 480 навъи рустаниҳо мерӯянд. Масъулини «Бешаи палангон» иброз медоранд, ки агар кор хуб ба роҳ монда шавад, эҳтимол аст, ки дар ин ҷо теъдоди ваҳшиҳо ва рустаниҳои аз байн рафта, аз нав барқарор шаванд.
Ҷамолиддини Усмониён