Узбакистон 1 млрд доллар зиён овард

Хабари хуб 03.11.2010 14:59

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ахиран иҷоза дод, ки 11 миллион доллар қарзи ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз Узбакистон аз буҷаи давлат пардохт шавад. Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки Ширкати давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" эълом кардааст, ки 11 миллион доллар қарзи Узбакистонро дода наметавонад.

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон зикр шуд, ки Тоҷикистон аз Узбакистон 40 миллион доллар қарздор аст   ва 11 миллиони он қарзи ширкати давлатии роҳи оҳан аст, ки аз ҷумла бар асари банд мондани вагонҳои Тоҷикистон дар Узбакистон ба миён омадааст.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони гуфт, ки тайи 17 соли гузашта зараре, ки аз муҳосираи роҳи Тоҷикистон аз ҷониби Узбакистон ба вуҷуд омадааст, 1 миллиард долларо ташкил медиҳад.

Ҳаҷми ҳамлу нақли бор дар роҳи оҳани Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 23 ҳазор тонна ё ҳудуди 30 дарсад кам шудааст. Масъулони идораи "Роҳи оҳани Тоҷикистон" мегӯянд, ин коҳиш аз маҳдудиятҳое маншаъ гирифтааст, ки Узбакистон дар транзити моли Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97