Муҳоҷир, бидон ва ҳаққи хеш биситон!

Хабари хуб 03.11.2010 11:50

Чуноне қаблан хабар дода шуд 20 сентябри соли равон ба шӯбаи муҳоҷирати Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон аз болои ширкати «Сургутстройтрест», ки тайи се- шаш моҳ барояшон музди кор пардохт накарда ва ҳаҷми маблағҳои пардохтнашуда 10 миллион рубли русиро ташкил мекунад, шикояти хаттӣ намуда буданд.

Кормандони ин шӯъба бо раҳбарияти ширкати номбурда оид ба ҳалли қазия телефонӣ тамос гирифтанд ва онҳо ваъда кардаанд, ки масъала ҳатман мавриди баррасӣ қарор гирифта, пардохти музди маъоши муҳоҷирони тоҷикистонӣ ҳал хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир ширкати «Сургутстройтрест» ба маблағи 6 миллиону 500 ҳазор рубли русӣ ҳаққи муҳоҷиронро пардохт намудааст. Ин ширкат уҳдадор шудааст, ки тайи ҳамин ҳафта 3 миллиону 500 ҳазор қарзи боқиро пардохт хоҳад кард. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Русия аз ҳамватанон хоҳиш менамояд, ки дар ҳолати нақзи ҳуқуқҳои эшон бевосита ба Сафорат ва дигар мақомоти намояндагии Тоҷикистон дар Русия муроҷиат намоянд ва аз муроҷиат ба созмону ширкатҳои шубҳанок ва ғайрирасмӣ худдорӣ кунанд, то мавриди фиреб қарор нагиранд. Дар ин бора ба «Миллат» аз Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар додаанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97