Сокинони мавзеъи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб иборат аз даҳ нафар ба намояндагӣ аз 300 сокини норозии ин мавзеъ дар мавриди роҳпулии гузаргоҳҳои ширкати IRS, аз ҷониби масъулини ҳукумати ноҳияи Варзоб пазируфта шуда, шикояти онҳоро дар мавриди гаронии роҳпулӣ баррасӣ карда ваъда додаанд, ки дар зарфи як моҳ роҳи ҳали масъаларо пайдо хоҳанд кард.
Шамсулло, як сокини ҳамин мавзеъ гуфтааст, ки бо гузоштани плаза ва ё нуқтаи дуюми пулгирии роҳ дар байни мавзеи Ҳушёрӣ, ташвиши мардумро зиёд кардаанд. Ҳатто вақте аз саршавии деҳа ба поёни деҳа ҷанозаеро гузаронанд бояд, ки ҳатман маблағ пардохт карда шавад, ки ин барои мардум душвор аст.
Фарух Каримов, сарвари филиали тоҷикистонии ин ширкати бритониёӣ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтааст, ки шикоят ва пешниҳодоти сокинони Ҳушёриро қабул кардаанд ва ширкат давоми як моҳ талош мекунад, ки ҳадди ақал барои онҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда имтиёз барқарор кунад.
Сокинони Ҳушёрӣ гуфтаанд, ки ин бори аввал нест, ки онҳо шикоят мекунанду ширкати IRS ваъдаи ҳалли мушкилот медиҳад. Онҳо ҳамчунин аз бархӯрди дағалонаи кормандони плаза шикоят кардаанд. Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ мегӯяд, ки дар мавриди эътирози навбатии сокинони Ҳушёрӣ вазорат иттилоъ надорад. Аммо вазорат бар пояи дархост ва шароити зисти сокинони ин мавзеъ, хостори роҳи мусолиматомези ин қазия аст. "Нисбати ин масъала мавқеи мо ин аст, ки баъзе имтиёзҳо барои мардум аз тарафи ширкат пешниҳод карда шавад. Дар ин маврид бо ширкат ҳам машваратҳо доштем ва онҳо низ баъзе тарифҳоро пойин карда буданд"
Барои аз Ҳушёрӣ то Душанбе расидан бояд аз ду тарозуи ширкати IRS гузашт, ки рафтуомад барои як мошин ҳудуди 10 сомониро ташкил медиҳад ва сокинони Ҳушёрӣ мегӯянд, ки дигар тавони аз ин роҳ бо мошинҳои худ гузаштанро надоранд. Ин барои дуввумин бор аст, ки сокинони ин мавзеъ аз пулакӣ шудани роҳ эътироз мекунанд.
Аввалин роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон, яъне шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, баҳори соли равон ба фаъолият шурӯъ намуда, аз рӯзҳои аввал бо ихтилофи сокинони ноҳияи Варзоб, ронандагон ва ходимони Кумитаи зиддиинҳисории Тоҷикистон мувоҷеҳ шуд.
Барои ҳалли ихтилоф, ҳукумати кишвар як комиссия ташкил намуд ва нархи истифода аз ин роҳ то ҳадде поин бурда шуд, вале эътирози сокинони Ҳушёрӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳалли ниҳоии ин мушкил то кунун пайдо нашудааст.