Ронандаи тоҷик генерали Русро маҷрӯҳ кард

Хабари хуб 03.11.2010 10:11

Шаҳрванди Тоҷикистон Давлатшоҳ Элбегиев, ки дар садамаи автомобилии рӯзи шанбе ба мошини генерал-лейтенант, фар¬¬мондеҳи нирӯҳои ҳавоии Русия Владимир Шаманов бо мошини борбари МАЗ бархӯрд кардааст, аз рӯи банди 264-уми Кодекси ҷиноии Русия, яъне "вайрон кардани қоидаи роҳ ва истифодаи нақлиёт, ки боиси ҳалокати инсон шудааст" муттаҳам дониста мешавад.

Хабаргузории "Новости" бо такя ба манобеи тафтишотӣ мегӯяд, ки ронандаи тоҷик эҳтимолан ба панҷ соли зиндон маҳкум шавад. Дар ҳодисаи бархӯрди мошини борбар ба BMW-и генерал Шаманов, ки дар наздикии шаҳри Тула рӯй додааст, се нафар, аз ҷумла худи генерал маҷрӯҳ шуда ва ронандаи вай ба ҳалокат расидааст. Тафтишот мегӯяд, ин садамаи мазкур бо айби ронандаи мошини борбари МАЗ рух додааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97