Масъулини марзбонии Узбакистон бо ирсоли як номаи расмӣ ба мақомоти марбутаи Тоҷикистон хабар додаанд, ки аз 1-уми ноябри соли равон гузаргоҳи гумрукии Ҷартеппа-Саразм, воқеъ дар минтақаи Зарафшон, баста хоҳад шуд.
Дар ин нома, ки дар таърихи 21-уми октябр ирсол шудааст, ҷониби Узбакистон таъкид кардааст, ки пас аз 1-уми ноябр равуои шаҳрвандон ва убуру мурури васоити нақлиёт тавассути ин гузаргоҳ билкул манъ карда хоҳад шуд. Ба гуфтаи сокинони наздимарзии ноҳияи Панҷакент, аллакай тайи якчанд рӯзи ахир рафтуомад тавассути гузаргоҳи Саразм-Ҷартеппа маҳдуд шудааст. Узбакистон то кунун сабаби бастани ягона гузаргоҳи марзӣ дар минтақаи Зарафшонро шарҳ надодааст. Намояндагони бахши гумруки ноҳияи Панҷакент мегӯянд, ба муроҷиати онҳо дар ин робита мақомоти кишвари ҳамсоя посухе нагуфтаанд.
Масъулони бахши марзбонӣ ва гумруки ноҳияи Панҷакент мегӯянд, гузаргоҳи Ҷартеппа-Саразм гузаргоҳи байнулмилалист ва якҷониба бастани он хилофи қавонини байнулмилалӣ ва созишномаи дуҷонибаи гумрукӣ миёни Узбакистон ва Тоҷикистон аст. Мутобиқ ба созишномае, ки соли 2000-ум парлумонҳои ду кишвар тасвиб карданд, гузаргоҳҳои марзӣ танҳо бо қарори ду ҷониб баста мешавад. Ин қарори мақомоти узбак мардуми водии Зарафшонро нигарон кардааст. Исрофил Исмоилов, сарвари бахши гумруки ноҳияи Панҷакент, мегӯяд, дар сурати баста шудани ин роҳ сокинони ноҳияи Панҷакент ва ҳамчунин тамоми минтақаи Зарафшон дар фасли сармо ба мушкилӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.