Тоҷикистонро 14 варзишгар дар мусобиқоти қаҳрамонии гӯштии самбо, ки аз 4 - ум то 8- уми ноябр дар Тошканд баргузор мешавад, намояндагӣ мекунанд.
Ба ҳайати мардонаи дастаи Тоҷикистон Акмалиддин Каримов дар вазни 52 кг, Наҷибулло Ҳабибов (57 кг), Суҳайлӣ Иззатов (62 кг), Ризвониддин Бурҳонов (68 кг), Сулаймон Сулаймонов (74 кг), Фурқат Назриев (82 кг), Умед Ҳасанбеков (90 кг), Набимуҳаммад Хоркашев, Нурулло Неъматов (100 кг) ва Далер Арзиев дар вазни болотар аз 100 кг шомил шудаанд. Насиба Алиматова дар вазни 48 кг, Фирӯза Асилова (52 кг) ва Дилбар Султонова (64 кг) аз дастаи занона қувваозмоӣ мекунанд. Ҳамчунин дар идомаи ин мусобиқа дар Тошканд омӯзиши кӯтоҳмуддати доварон ва мураббиёни ин навъи гӯштӣ низ доир мешавад.