Аз Шӯрои Маҷлиси Намояндагон

Хабари хуб 03.11.2010 10:09

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод, 1 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раисии Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонун «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор», «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, Дар бораи ҳисоботи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои дурнамои сиёсати пулию қарзии Тоҷикистон барои соли 2010 ва тасдиқи дурнамои сиёсати пулию қарзии Тоҷикистон барои соли 2011, Дар хусуси тамдиди мӯҳлати баррасии лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон муҳокима шуданд.

Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон зимни шарҳу тавзеҳи масъалаҳои ба рӯзномаи Шӯро воридгардида, назару андешаҳои хешро оид ба масоили баррасӣ шуда ироъа намуданд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97