Маҳмадсаид Убайдуллоев аҳзоби сиёсиро масъул кард

Хабари хуб 28.10.2010 10:15

Таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, рӯзи 27 октябр ҷаласаи шаҳрдорӣ бо иштироки сохторҳои масъули шаҳриву ноҳиявӣ ва намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии пойтахт баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳати таъмини иҷроиши қатъӣ ва куллии қарорҳои   марбутаи Маҷлиси вакилони халқ ва раиси шаҳри Душанбе оид ба омодасозии фонди манзили коммуналӣ, муассисаҳои зертобеи системаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанги шаҳр зери масъулияти шахсии муовинони соҳавии раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо, роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ ва институтҳои шаҳрвандии пойтахт то 10 ноябри соли 2010 мӯҳлати охирин муқаррар сохт. Шаҳрдори пойтахт таъкид кард, ки дар сурати иҷро нагардидани муқаррароти мазкур дар мӯҳлати зикршуда, ки дафъатан воқеияти он аз ҷониби прокуратураи шаҳр то 15 ноябри соли равон мавриди санҷиш қарор мегирад, нисбати ҳар кадом масъул, хизматчии давлатӣ тадбирҳо андешида хоҳад шуд.

Бо дахли масоили риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби аҳолӣ оид ба манъи нигаҳдошт ва парвариши чорвои хурду калони хонагӣ дар шаҳри Душанбе бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муқаррар гардида, дастур дода шуд, ки назорат дар ин самт аз ҷониби масъулин бештар шавад.

Ҷиҳати таъмини шаффофият дар фаъолияти хоҷагидорӣ ва назорати ҷамъиятии иҷрои Қарорҳои марбутаи   Маҷлиси вакилони халқ ва раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев супориш шуд, ки дар сатҳи пойтахт ва ноҳияхои он комиссияҳои дахлдори ҷамъиятӣ бо доштани фаъолияти доимӣ таъсис дода шаванд.

Бо ин мақсад муқаррар гашт, ки комиссияҳои ҷамъиятӣ бо ҷалби намояндагони институтҳои шаҳрвандӣ дар бораи назорати ҳолати иҷрои қарорҳои раиси шаҳри Душанбе бо сарварии А. Ҳабибов ва   ҷиҳати иҷрои қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо сарварии раиси кумитаи шаҳрии Ҳизби коммунист Субҳон Сафиаллоев дар Дастгоҳи раиси шаҳр ва дар сатҳи ноҳияи Сино бо роҳбарии шӯъбаи шаҳрии ҲНИТ, дар ноҳияи Шоҳмансур- ҲСДТ, дар ноҳияи Фирдавсӣ – ҲДТ ва дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо сарварии масъулони ҲСТ ба фаъолият шурӯъ намоянд.

Дар масъалаи мутобиқ сохтани номи кӯчаву маҳалҳои пойтахт ба талаботи қонун «Дар бораи забони давлатии ҶТ» зикр гашт, ки аҳли ҷамоатчигӣ ва институтҳои шаҳрвандӣ имкон доранд то 1 январи соли 2011 таклифу пешниҳодоти худро ба унвони комиссияҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ барои баррасӣ ирсол намоянд.

Хабар дода мешавад, ки дар сохтори шаҳрдорӣ тағйироти кадрӣ ба амал омад. Сайвалӣ Сафаров,   муовини раиси шаҳри Душанбе,   Гулчеҳра Шарифова, директори КВД «Меҳмонсарои Пойтахт», Нозира Соқиева, директори КВД «Маркази равобити пойтахт», Гулнора Бобоева, сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Сайрамбӣ Лангариева, муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ таъин гардиданд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97