Шоҳзодаи Арабистон ба Душанбе меояд

Хабари хуб 28.10.2010 10:14

Бар пояи як иттилоъ аз Сафорати Арабистони Саудӣ дар Душанбе қарор аст дар санаи 31.10.2010 барои бори аввал ноиби Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъси як ҳайати давлатӣ дидан намояд.

Интизор меравад, ки дар доираи ин сафари ду рӯза ҷиҳати таҳкимбахшии равобити байни ду кишвар, Шоҳзода Холид бин Сауд бин Холид Оли Сауд бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ ва Вазири молияи Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом бидиҳад.

Арабистони Саудӣ - яке аз умдатарин кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ (СКИ) мебошад, ки соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намуда сар аз оғози соли ҷорӣ намояндагии дипломатии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намудааст. Бунёди Саудии Рушд яке аз муассисаҳои молиявии ин кишвар аст, ки дар амалӣ намудани бархе лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар Тоҷикистон мушаххассан дар сохтмони роҳҳо ва мактабу беморхонаҳо фаолият мекунад.

Бо ин ки кишвари нафтхези Арабистон изҳори омоадагӣ дар сармоягозории бештар дар Тоҷикистонро эълом доштааст, вале амалан иқдоми ҷиддие дар ин самт сурат нагирифтааст. Аз сӯйи дигар беш аз як сол аст, ки дар байни мардум сухан сари муҳоҷирати корӣ ба Арабистони Саудӣ меравад, аммо ин масъала низ то ҳол мавқуф буда равшан нест, ки кай амалӣ мешавад.

С.ЮСУФӢ

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97