Зимни як нишасти хабарӣ хабарнигори «Миллат» аз раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ҳадафи санҷишҳои Кумитаи андоз дар чопхонаву идораи чанде аз рӯзномаҳо суол кард.
Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи мазкур дар посух ба ин суол изҳор дошт, ки он санҷишҳо нақшавӣ буда, дар доираи ваколату салоҳияти Кумита роҳандозӣ шудаанд ва касе ба мо супориш надодааст, ки ин ё он рӯзномаро бисанҷем. Ӯ гуфт, ки ба мо хабар мерасид, ки масъулини рӯзномаҳо теъдоди нашри рӯзномаҳояшонро пинҳон медоранд, яъне моддаи 27-и Қонун «Дар бораи табъу нашр» ва моддаи 20-и Қонун «Дар бораи матбуот ва дигар ВАО» нодида гирифта мешавад. Санҷишҳои мо дар чопхонаву рӯзномаҳо аз ҷониби масъулини ин корхонаҳо ба буҷаи давлат насупоридани 110 ҳазор сомониро ошкор сохт, ки он маблағҳо акнун ба буҷаи давлат рехта шуданд.
Раиси Кумитаи андоз зикр кард, ки ҳар касе фикр мекунад, ки аз ин санҷишҳо мо ягон ғаразе доштем ва гӯё махсус он санҷишҳоро гузаронидаем, иштибоҳ мекунад. Агар мо ғаразе медоштем,- идома дод, Нусратулло Давлатов,- бубинед ба ҷуз «Нури зиндагӣ», «Миллат», «Чархи гардун», «Озодагон», «Бизнес и политика» ва як- ду нашрияи дигар теъдоде аз рӯзномаҳо аз қайди расмии нозироти андоз нагузашта буданд ва фаъолияти ғайриқонунӣ доштанд, мо метавонистем ба додгоҳ муроҷиат карда, монеъи фаъолияти онҳо шавем, вале ин корро накардем ва барояшон мӯҳлат додем, то ба қайдгириро анҷом бидиҳанд.
Раиси Кумитаи андоз дар мавриди нишон дода нашудани теъдоди нашри рӯзномаҳо эътироф намуд, ки ин камбуди нозирони андоз ҳам ҳаст, ки беэътиноӣ карданд, диққат надоданд, назорат накарданд.
Ба суъоли он ки «оё дар миёни кормандони Кумитаи андоз ҳам ришвахорон ҳастанд», Нусратулло Давлатов гуфт, ки дар ҳайати Кумита 1760 тан кормандон фаъолият доранд, ки назорати кори ҳар кадоми эшон заҳмати сангин аст. Ҳамин буд, ки имсол панҷ тан кормандони Кумита бо ҷурми ришваситонӣ боздошт шудаанд. Журналистон аз раиси Кумитаи андоз пурсиданд, ки масъалаи андозбандӣ шудани ширкати IRS , ки мегӯянд аз супоридани тамоми навъи андозҳо озод аст, бознигарӣ мешавад, изҳор дошт, ки фаъолияти ширкати IRS қонунӣ буда, он андоз аз даромад ва андози ҳифзи иҷтимоиро аз кормандонаш месупорад. Ин ширкат бо супориши ҳукумат аз супоридани андоз озод шудааст, агар Ҳукумат зарур донад ва ин масъала бознигарӣ шавад, мо тибқи супориши Ҳукумат амал мекунем.
Дар ин нишасти Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 25 октябр баргузор гардид, Нусратулло Давлатов, раиси ин Кумита дар бораи фаъолияти ниҳоди хеш дар тайи нӯҳ моҳи ахир гузориш дода, аз ҷумла зикр кард, ки нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 107, 2% таъмин гардида ба ҷойи 1943, 1 миллион сомонии пешбинӣ шуда ба буҷа 2083, 4 миллион сомонӣ ворид шуд, ки ин аз нишондоди нақша 140, 3 миллион беш аст. Воридоти маблағ тайи нӯҳ моҳи рафта нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29, 9% зиёд буда, он дар маҷмӯъ 479, 9 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Толибшоҳ С. БАРОТЗОДА