Давлаталӣ Давлатзод, вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми дар парлумон баррасӣ шудани рафти иҷрои Қонун “Дар бораи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои cоли 2010” гуфтааст, ки воситаҳои иттилоърасонӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо расонаҳои хориҷӣ нотавон аст. Ин вакил қайд кардааст, ки дар ҳоле нашрияҳо ва расонаҳои хабарии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди воқеъияти ҳаводиси Тоҷикистон ахбори «нодуруст ва иғвоангез»-ро пахшу нашр кардаанд, расонаҳои кишвар натавонистаанд ба онҳо посухи сазовор бигӯянд.
Ҷаноби Давлаталӣ Давлатзод аз матолиби ба гуфтаи вай «саропо таҳриф ва бардурӯғ»-и расонаҳои хориҷӣ дар бораи ҳаққи қонунии Тоҷикистон ба баҳрабардорӣ аз манобеъи энержии обии худ ва нооромиҳои ахир дар минтақаи Рашт ёдовар шуд. Мавсуф пешниҳод кард, ки ҳини баррасӣ ва тасвиби қонуни «Буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2011» ҳазинаи расонаҳо ва нашрияҳои давлатӣ ҷиддан коҳиш дода шавад.
Ин вакили мардум гуфтааст, ки ҳоло дар вазорату идораҳои давлатӣ ва шаҳру ноҳияҳо нашрияҳое ба табъ мерасанд, ки дар фазои иттилоърасонии киш¬вар тақрибан нақше надоранд ва ҳамасола барои чопи ин нашрияҳо аз буҷаи давлат маблағҳои зиёде ихтисос меёбад. Ҷаноби Давлатзод таъкид кард, ки ин пешниҳоди вай ба нашрияҳои давлатии саросарие чун «Ҷумҳурият», «Садои мардум» ва ё «Народная газета» иртибот надорад. Ӯ аз наш¬рияҳое ном бурд, ки дар даврони Шӯравӣ дар шаҳрҳо, ноҳияҳо ё идораву муассисот мунташир мешуданд ва теъдоди зиёди онҳо то ба ҳол боқӣ мондаанд.
Давлаталӣ Давлатзод аз камтарин мақомҳои давлат ё парлумони Тоҷикистон аст, ки аз фаъолияти расонаҳои давлатӣ интиқод карда, хостори бастани бархе аз ин нашрияҳо шудааст. Коршиносон ва соҳибназарон бар ин боваранд, ки пешниҳоди бастани нашрияҳои расмӣ бозгӯи мушкилоти ҷиддӣ дар дахлу хар¬ҷи буҷаи кишвар аст.
Ато Мирхоҷа, сардабири «Нақлиёт», нашрияи вазорати нақлиёт ва коммуникатсия низ таъкид бар он дошт, ки баъзе аз нашрияҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҳатто услуби кори даврони шӯравии худро тағйир надода, танҳо ба тавсифу таблиғи фаъолияти ҳукумат¬ҳои маҳаллӣ машғул ҳастанд. Ба қавли Ато Мирхоҷа ин гуна нашрияҳо, ки ба далели гоҳ-гоҳе чоп шудан «гоҳнома» низ ном бурда мешаванд бо теъдоди ночиз мунташир мешаванд ва ҳам дар фазои хабарии кишвар чандон нақше надоранд. Номбурда мегӯяд, ҳарчанд «Нақлиёт» нашрияи вазорати нақлиёт ва коммуникатсия маҳсуб мешавад, аммо аз лиҳози молӣ худкифо буда, аз ҳисоби фурӯши нашрия фаъолият мекунад. Ба гуфтаи баъзе манобеъ бештари нашрияҳои расмии ба истилоҳ «соҳавӣ», ки ба ин ё он вазорат ва идора таъаллуқ доранд, бештар дар миёни кормандони ин ниҳодҳо ба таври маҷбурӣ ба фурӯш мерасанд ва ё кормандон ба обунаи иҷборӣ водошта мешаванд. Гуфта мешавад, ки аз пешниҳоди коҳиши сармоягузорӣ дар нашриёт ва хабаргузориҳои расмӣ давлати Тоҷикистон низ дар садад аст дар ин замина тасмимоте бигирад. Танқидгарони нашриёт, радиё ва телевизиюнҳои давлатӣ мегӯянд, ки ҳарчанд ҳазинаи онҳо бештар аз пули андози мардум фароҳам мешавад, вале бештари онҳо камтар ба манофеъи мардум мерасанд ва танҳо ба бозтоб ва таблиғи фаъолияти мақомҳои давлатӣ машғуланд.