25 октябр таҳти раёсати муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон Амиршо Миралиев ҷаласаи Шӯрои ин маҷлис баргузор гардид.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, дар Шӯро лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лои¬ҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», Дар хусуси Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Ирон дар бораи кӯмаки рушди Ирон ба Тоҷикистон, дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Комиссияи Ҷомеаи Урупо дар бораи ифтитоҳ, имтиёз ва масуниятҳои намояндагии Комиссияи Ҷомеаи Урупо дар Тоҷикистон, дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва дар хусуси тамдиди мӯҳлати баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» мавриди баҳсу баррасии аъ¬зои он қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки мақсад аз пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳои мазкур барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон такмил ва мутобиқ намудани онҳо ба қонунҳои амалкунанда, баланд бардоштани дониш ва маърифати экологии аҳолӣ, ҳифзи саломатӣ ва густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишвар ва созмонҳои бонуфузи хориҷиву байналмилалӣ мебошад.
Қисме аз ин масъалаҳо барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон даъвати чорум ва қисми дигар барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардиданд.