Фаттоҳ Саидов, раиси Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 26 октябр ба хабарнигорон гуфтааст, ки мудири кулли радиои «Ватан» ва ширкати «Арзон-мобайл» Далер Амонов боздошт шудааст. Ӯ гуфт, ки Далер Амонов аз рӯи 14 банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла фасодкорӣ ва сӯйистифода аз мақом муттаҳам ва боздошт шудааст.
Бино ба гуфтаи ин манбаъ ширкати “Арзон-мобайл”-и Далер Амонов бар пояи як муомила аз ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Маркази ҳамсолони Турсунзода” “ба воситаи амалиёти бонкӣ» наздики як миллиону сад ҳазор сомонӣ ва 150 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ дарёфт карда барнагардондааст. Тафсилоти дигари марбут ба ин иттиҳоми қарзи молӣ дар даст нест.
Дар ҳоле ки дарёфти иттилоъ аз ҷониби ҳимоякунандагони Амонов ва ё наздикони ӯ ҳанӯз имкон надорад, манобеи мустақил мегӯянд, инак наздики як ҳафта аст, ки Далер Амонов дар боздошт ба сар мебарад.
Гуфта мешавад, зиёд будани иттиҳоми зидди ҷаноби Амонов ба он вобаста аст, ки дар давоми чандин соли фаъолияташ, аз бонкҳо ва “одамони бонуфуз” пулҳои калонро қарз гирифта, сари вақт баргардонида натавонистааст.