Эшони Зайналобиддин дурӯғ гуфт, чаро?

Хабари хуб 27.10.2010 09:55

Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ҷараёни амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванди ҶТ Манонов Зайналобиддин соли таваллудаш 1949, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Шербегиёни Ҷамоати деҳоти Самсолиқи ноҳияи Нуробод бо гумони даст доштан дар фаъолияти зиддиқонунӣ ва алоқамандӣ бо гурӯҳҳои террористӣ боздошт гардида буд. Ба гуфтаи ин манбаъ, муайян шудааст, ки сарварону аъзои гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла мулло Абдулло, борҳо ба хонаи Манонов Зайналобидин ташриф овардаанд. Худи Манонов Зайналобидин ин ҳолатҳоро инкор кардааст.

Манбаъ хабар додааст, ки ӯ бо китоби муқаддаси Қуръон қасам мехӯрд, ки фарзандонаш дар Русия ҳастанд, суроғаи онҳоро дорад, ҳамеша бо онҳо дар тамос аст, вале дар асл ҳафтаи равон дар натиҷаи амалиёти мақомоти қудратии кишвар дар водии Рашт дар баробари чанде аз аъзои дастаҳои ҷангҷӯ се фарзанди Манонов Зайналобидин - Манонов Зикрулло, Манонов Абдуҳафиз, Манонов Субҳидин ва домодаш, ки ба пешниҳоди кормандони мақомоти қудратӣ оид ба таслим шудан ҷавоби рад дода, тавассути ба онҳо муқобилият нишон доданд, нобуд карда шудаанд.

Манонов Зикрулло соли 2000-ум ба яке аз кишварҳои арабӣ рафта, муддати 7 сол таҳсили террористӣ гирифта ва сипас ба Тоҷикистон баргаштааст. Тибқи маълумотҳои фаврӣ фарзандони Манонов Зайналобидин дар ҳодисаи террористии рӯзи 19 сентябри соли 2010 ба муқобили хидматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, ки дар натиҷаи он 28 нафар афсарону сарбозон ҳалок гардиданд, даст доранд.

Ҳангоми кофтукови манзили истиқоматии Манонов Зайналобиддин дар ноҳияи Нуробод аз сӯйи кормандони органҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дар пинҳонгоҳи махсус 1 автомати Калашников бо тирдонаш, 3 норинҷак ва миқдори муайяни адабиёти дорои хусусияти экстремистӣ, аз ҷумла китоби "Ҷиҳод" дарёфт ва мусодира шудааст.

Тафтишот муайян хоҳад кард, ки бо кадом мақсад дар манзили зисти Манонов Зайналобидин силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва адабиёти тундрав нигоҳ дошта мешуд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97