Ҳанифа Мавлонова дар Душанбе дафн мешавад

Хабари хуб 26.10.2010 10:14

Ҷанозаи овозхони маъруфи тоҷик Ҳанифа Мавлонова субҳи 26 октябр тавассути ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе оварда мешавад. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба нашрияи «Миллат» хабар доданд.

Ба қавли Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, тамоми масрафи таҳвили ҷанозаи Ҳанифа Мавлоноваро Ҳукумати Тоҷикистон бар ӯҳда гирифтааст.

Вале ҳанӯз эълон нашудааст, ки ҷанозаи овозхони маъруфро дар Душанбе дафн хоҳанд кард ва ё дар зодгоҳаш шаҳри Хуҷанд.

Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, овозхони шинохтаи опера ва “Шашмақом” Ҳанифа Мавлонова ахиран дар пайи бемории тӯлонӣ дар шаҳри Маскав дар синни 87 аз олам чашм пӯшид. Марҳума аз соли 1993 дар Маскав зиндагӣ дошт.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97