Шаҳрдор пешниҳодоти муфидро баррасӣ мекунад

Хабари хуб 20.10.2010 10:18

18 октябр дар идораи шаҳрдории пойтахти кишвар бо гузашти ду ҳафта ҷаласаи васеи корӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе оид ба баррасии масоили рафти татбиқи Нақшаи генералии бозсозии пойтахт ва иштироки ширкатҳои лоиҳакашиву сохтмонии ватаниву хориҷӣ дар он баргузор гардид. Дар ин бора Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе ба «Миллат» хабар дод.

Дар ин ҷаласа, дар радифи сохторҳои масъули шаҳрдорӣ тамоми шахсони воқеиву ҳуқуқии дар асоси қарорҳои дахлдори раиси шаҳри Душанбе барои сохтмони иншооти нави таъиноти манзилӣ ва мухталифдошта, инчунин пудратчиёни онҳо ширкат варзиданд.

Зимни пайгирии ҳолати сохтмони иншооти мухталиф, ки дар маҷмӯъ 118 иншоотро ташкил медиҳад ва 53 адад аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр ва 65 адад аз ҳисоби манбаҳои ғайрибуҷавӣ дар ҳудуди шаҳр тибқи қарорҳои дахлдори шаҳрдори пойтахт бунёд мегарданд ва ба истифодадиҳии онҳо аз ҷониби фармоишгарон то ҷашни 20 –солагии Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифта шудааст, дастур дода шуд, ки корҳои назорати техникӣ, сифати сохтмон ва масолеҳи истифодашаванда аз тарафи пудратчиён пурзӯр карда шавад.

Ҳамзамон таъкид шудааст, ки дар ин зимн сохтмончиён имкон доранд ҷиҳати рафъи мушкилоти ҷойдошта, ки баррасии онҳо дар салоҳияти шаҳрдорӣ мебошад, дар ҷаласаҳои ҳар ду ҳафта бо иштироки онҳо баргузоршаванда барои матраҳ сохтан андешаҳои худро пешниҳод намоянд.

Дар ҷаласаи мазкур инчунин масоили дигари хоҷагидории шаҳр ва омодагиҳои пойтахт ба таҷлили Рӯзи Сарқонуни Тоҷикистон баррасӣ гардида, ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас дода шуд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97