Вазири дифоъи Тоҷикистон генерал- полковник Шералӣ Хайруллоев аз ширкат дар нишасти Шӯрои вазирони дифоъи Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ худдорӣ кардааст. Тоҷикистонро дар ин нишаст Рамил Нодиров, муовини вазир ва сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи кишвар намояндагӣ хоҳад кард.
Ба эътиқоди коршиносон қарори худдорӣ кадани Шералӣ Хайруллоев аз сафар ба Украина амали бесобиқа буда, ба идомаи амалиёти низомӣ дар минтақаи Рашт марбут аст. Котиби матбуотии Вазорати дифоъ Фаридун Маҳмадалиев гуфтааст, ки тасмим шуда дар ин ҳамоиш, ки 20 октябр дар вилояти Қрими Украина ба кор шурӯъ мекунад, Рамил Нодиров ширкат намояд.
Гуфта мешавад, ки дар ин ҳамоиш ҳудуди бист мавзӯъ, аз ҷумла масоили марбут ба тармими таҷҳизоти низомӣ ва таъмини артиши кишварҳои ҳамсуд бо лавозимоти низомӣ матраҳ мешаванд. Маҳмадалиев худдории Шералӣ Хайруллоевро аз сафар ба Украина ба “зарурати корӣ” марбут донистааст.