Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ хабар додаанд, ки ҳоло дар корҳои барқарории манзилу сохтмонҳои бар асари ҳаводиси ахири водии Рашт осебдида ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи минтақа ва як қисми ҳарбӣ сафарбар шудаанд.
Мақомот мегӯянд, ки то имрӯз мизони хисороти ҳодисаҳои ахири Рашт баъди тахриби панҷ сохтмон ва аз ин ҳисоб - се манзили истиқоматӣ дар ҳудуди чаҳор миллион сомонӣ ҳисоб шудааст. Дӯстмурод Забиров, сухангӯи ин Кумита гуфтааст, ки ҳамчунин ҷустуҷӯи низомиёни нопадидшуда дар пайи суқути чархболи нирӯҳои “Алфа” идома дорад.
Хабаргузории Итар-Тасс аз қавли муовини аввали Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров навиштааст, ки рӯзи 6 октябр аз бисту ҳафт савори чархбол бист тан ба ҳалокат расидаанд, ки ҷасади ҳафт афсари Горди миллӣ ва сенздаҳ узви нирӯҳои “Алфа” шинохта шудааст. Мансурҷон Умаров гуфтааст, ки майор Фахриддин Хидиров бо ҷароҳатҳои мухталиф ҷон ба саломат бурдааст. Ҳоло ҷустуҷӯи ҷасади шаш низомии дигари савори ин чархбол идома дорад.