Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ даъвои президенти Узбакистон мабнӣ бар таҳдиди хатари беобӣ ба ин кишварро рад кард. Ҳамрохон Зарифӣ гуфтааст, ки баёнияи Ислом Каримов, президенти Узбакистон дар мавриди он ки то замони аз об пур шудани обанбори неругоҳи Роғун 8 сол сипарӣ мешавад ва дар ин муддат Узбакистон бо камбуди шадиди об мувоҷеҳ хоҳад шуд, пояи илмӣ ё иқтисодӣ надорад, зеро тибқи баровардҳои фаннӣ, обанбори Роғун дар муддати 17 сол пури об мешавад.
Ба қавли ҷаноби Зарифӣ ҳамасола Тоҷикистон аз саҳмияи худ барои истифодаи манобеъи оби Осиёи Марказӣ то се километри мукааб обро истифода намекунад ва дар оянда обанбори неругоҳи Роғун аз ҳисоби ин об пур хоҳад шуд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кард, ки бунёди обанборҳо ба вазъи баҳри Арал асаре надошта ва сатҳи оби ин кӯл бинобар эҳдоси обанборҳои маснӯъии зиёд дар ҳудуди кишварҳои поёноб башидидат коҳиш ёфтааст.
Дар Узбакистон беш аз 50 обанбори сунъӣ бунёд шудааст ва Туркманистон низ тасмим дорад дар минтақаи Қизилқум обанбори сунъии бузурге бисозад. Масъулони вазорати хориҷии Тоҷикистон гуфтаанд, ки аз созмонҳои мӯътабари байналмилалӣ даъват кардаанд то вазъи кулли обанборҳои кишварҳои Осиёи Марказиро ташхис ва асари онҳо ба вазъияти экологии минтақаро мушаххас намоянд. Узбакистон саввумин кишвари бузурги истеҳсолкунандаи пахта дар дунё маҳсуб шуда, барои обёрии майдони пахтазор ба манобеъи бузурги об ниёз дорад.
Тибқи иттилоъи давлати Узбакистон, ин кишвар дорои 4,3 миллион гектар майдони кишт буда ва дар бахши аслии ин арозӣ пахта кишт мешавад. Узбакистон нигарон аст дар сурати бунёди обанбори Роғун мизони об ба кишварҳои поёноб коҳиш ёфта ва ин амр дар бахши кишоварзии ин кишвар оқибатҳои номатлуб хоҳад дошт, аз ин рӯ давлати узбак ба тарҳи бунёди неругоҳи Роғун шадидан мухолифат нишон дода ва бо баҳонаи «таҳдид ба муҳити зисти минтақа» хостори қатъ шудани иҷрои тарҳи бунёди Роғун шудааст.
Ба дунболи тасмими қатъии Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи Роғун, ки аз бузургтарин неругоҳҳои барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд, равобити Тоҷикистону Узбакистон ба сардӣ гароидааст. Дар зарфи як соли ахир Узбакистон ба ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон аз ҳудудаш монеъ эҷод карда ва садҳо вагонро ба муддати аз 2 то 6 моҳ боздошт кардааст. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки танҳо роҳи ҳалли мушкилоти ҳамлу нақл ва обу энерҷӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон ин канор гузоштани даъвою муттаҳам сохтани ҳамдигар ва баррасии қазия аз тариқи музокироти дуҷониба хоҳад буд.