Хоҷагиҳои кишоварзӣ аз мироб қарздоранд, мироб аз андоз

Хабари хуб 16.10.2010 15:26

Қарзи Раёсати хоҷагиҳои оби вилояти Хатлон дар назди хоҷагиҳои кишоварзии вилоят ба 108 млн сомонӣ расидааст. дар ин блора зимни нишасти матбуоти муовини сардори раёсати мазкур Шамсиддин Гадоев иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ танҳо дар ҳамин сол қарзи хоҷагидорон дар назди раёсати мо 36 млн сомонӣ зиёд шудааст.

Дар соли ҷорӣ Раёсати хоҷагиҳои оби Хатлон ба кишоварзон ба 2 млрд 900 млн мукааб об додааст, ки маблағи он 41 млн сомониро ташкил медиҳад. Аммо истифодабарандагон ҳамагӣ 9 млн сомонии онро пардохт кардаанду халос. Мо мегӯяд Шамсиддин Гадоев аз 41 млн сомонии хидматрасониҳои хеш 36 500 ҳазор сомонии онро санад тартиб додаем.

Ӯ мегӯяд: «Дар соли ҷорӣ ба истиснои мавзеи Озодии ноҳияи Қумсангир ва мавзеи Гараутии ноҳияи Ҷилликул дигар таъминоти об дар ягон манотиқи вилоят мушкилӣ наоварда буд. Бинобар ба таъхир афтодани қарзҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ба имрӯз қарзи мо аз истифодаи неруи барқ ба 32 млн сомонӣ ва қарз аз андоз зиёда аз 28 млн аз Фонди Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба 3 млн сомонӣ расидааст.

Навобаста аз он ки имсол бо маблағи 34 млн сомонӣ ба суди иқтисодӣ маводи шикоятӣ пешниҳод кардаем, аммо то кунун кори ин ниҳод дар баргардонидани қарзҳои мо натиҷа надодааст, аммо вақте Вазорат бо ҳукумати вилоят як гурӯҳи корӣ таъсис дода, дар тамоми навоҳии Хатлон вохӯриҳо доир намуд, дар як моҳи баъди ин вохӯрӣ ба миқдори 1 млн 700 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ шуд».

Ба гуфтаи ӯ, дар оғози сол тасмим буд, ки хоҷагиҳо аз ҳисоби ҳосили имсолаашон қарзи онҳоро пардохт мекунанд ва онҳо бояд дар соли аввал аз хоҷагиҳо ба миқдори 10 ҳазор тонна пахта мегирифтанд, ки аз ин 7 ҳазор тонна пахта барои ҳаққи хидматарсонии обу 3 ҳазор тонна барои пардохти ҳаққи истифодаи неруи барқ будааст. Аммо то имрӯз хоҷагиҳо ҳамагӣ 5 тонна пахта бар ивази қарзашон дар корхонаҳои пахта бо номи мо супоридаанд, арзиши ҳар тоннаи ин пахта 620 доллар ҳисоб карда шудааст , - мегӯяд Шамсиддин Гадоев.

Аммо ба гуфтаи ӯ, бо ин ҳол дар як ду сол маблағҳои худро гирифта наметавонанд ва афзоиши қарзҳо оқибат соҳаро муфлис мегардонад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97