Ба ҳангоми гузаронидани ҷустуҷӯи фаврии ҷиноят дар Хуҷанд маводи мухаддири «ҳашиш» кашф ва мусодира шудааст.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилаи кишвар ба «Миллат» дар ин маврид хабар дода афзуд, ки дар ҳудуди маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ҳангоми гузаронидани ҷустуҷӯйи фаврии ҷиноят аз шаҳрванд Қурбонов Нурмуҳаммад Неъмонович, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи маҳаллаи Победа, х.33, ҳ.1, ки қаблан бо моддаи 281 КҶ ҶТ зиндонӣ шудааст, 2-адад пакети селофанӣ, ки дар дохили он маводи нашъадори «ҳашиш», бо вазни 2 кг., 170 грамм буд, кашф ва мусодира шудааст.
Манбаъ хабар медиҳад, ки ҳамчунин дар таърихи 13.10.10, соати 16.30 дар кӯч. Апланчук автомошини тамғаи «Мерседес-Бенс» бо рақами давлатии АА 3554 02/РТ, ки таҳти идораи ронанда Қурбонов Н., буд, боздошта шуд. Ҳангоми азназаргузаронии автомошини мазкур аз бордони он 1 адад халтаи синтетикӣ, ки дар дохили он маводи мухаддири «ҳашиш» бо вазни 18 кг 400 грамм буд, дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ҷамъи маводи мусодирашуда 20 кг 570 граммро ташкил медиҳад. Нисбат ба ҳодисаи мазкур бо моддаи 200 қ., 4 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.