Деҳқон, Худо ба ту додаст, арзон нафурӯш!

Хабари хуб 14.10.2010 10:46

Мардум бояд огоҳ бошанд, ки имрӯз дар дохили кишвар нархи як тонна пахтаи хоми навъи миёнанах 847доллару 39 cентро аст. Ин дар ҳолест, ки имрӯз хоҷагиҳои пахтакори вилояти Хатлон ҳосили заҳмати хешро ба қиммати 750 доллар мефурӯшанд. Дар ин бора сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Саъдулло Бекназаров иттилоъ дод.

Мавсуф иброз дошт, ки гарчанде имсол пахтаи деҳқонони вилоятро бо нархи баланд харидорӣ мекунанд, аммо боз ҳам деҳқон ҳар тонна пахтаи худро қариб 100 доллар арзон мефурӯшад.

Ба гуфти ин манбаъ дар чанд соли охир нахустин бор аст, ки арзиши пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба ин андоза боло рафтааст, зеро кишварҳои асосии содиркунандаи нахи пахта ба шумули Покистон ва Ҳинду Чин имсол бар асари обхезиҳо хисороти ҷиддӣ дида, дар ин кишварҳо беш аз 1 млн аҳолӣ парвариши пахтаро ба роҳ монда натавонистаанд. Ҳамчунин дар дигар кишварҳои истеҳсолкунандаи пахта аз қабили Туркия ва Узбакистон соли равон кишти пунбадонаро коҳиш додаанд.

Тибқи иттилои Бекназаров дар асоси нархномаи пахтаи Осиёи Миёна аз рӯи индексҳои маҷаллаи «Coton Outlook» ба 9-уми октябри соли 2010 арзиши 1 тонна нахи пахтаи навъи якуми миёнанах бо индекси нархмонии 113,75 2608 доларро ташкил додааст.

Ҳамчунин дар ин шабу рӯз нархи 1 тонна пахтаи хоми навъи якуми маҳинах аз рӯи индекси 117 ба 869,59 доллар баробар аст.

Дар боби он ки дар чанд соли охир бинобар коҳиш ёфтани арзиши пахта дар бозори ҷаҳонӣ кишти пунбадона низ дар вилояти Хатлон коҳиш ёфта буд, мавсуф изҳор дошт, ки дар Хатлон қаблан дар 160 ҳазор гектар замин кишти пунбадона ба роҳ монда шуда буд, вале баъдан масоҳати заминҳои кишти пахта ба 100 ҳазор гектар пойин фуромад. Дар оянда шояд заминҳои кишти пахта то 130 ҳазор гектар зиёд карда шавад. Ин кор на аз ҳисоби заминҳои ғалладона, балки аз ҳисоби заминҳои кишти маҳсулоти полезӣ ва лалмию бекорхобида афзоиш дода мешавад.

Дар ҳоли ҳозир мутахассисон пунбадонаи навъи туркиро овардаанд, ки ин навъи тухмӣ дар Австралия коркард шуда, аз ҳар гектар то 45 сентнерӣ ҳосил бардоштан имкон дорад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97