Об захира кунед!

Хабари хуб 13.10.2010 11:36

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшиданӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Кофарниҳон», «Худҷореъ», «Фишорӣ» ва «Ҷануби Ғарбӣ» бо мақсади омода намудани истгоҳҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 муваққатан қатъ мешавад.

Дар ҷараёни таъмир ва васлкунии таҷҳизот интиқоли оби нӯшиданӣ дар истгоҳҳои обтозакунии «Кофарнихон»:

- ноҳияи Фирдавсӣ; маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская 1,2, шаҳракҳои 61, 63, 64, 65 кучахои Н.Карабоев, Қаҳоров, Фучик, Чайковский

- ноҳияи Шоҳмансур; кӯчаҳои Титов, Фучик, Коргар, Зафар, Гостелло, Улугбек, У. Зоконӣ, Нестеров, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ аз бинои роҳи оҳан то Меҳмонхонаи «Пойтахт» ва қисман кӯчаи Айнӣ то гардиши Фурудгоҳ, шаҳракҳои 191, 192, Бинокорон ва маҳаллаи аҳолинишини комбинати коркарди чӯб (ДОК) - аз соати 22-00 рузи 13 октябри соли 2010 то соати 24-00 рузи 14 октябри соли 2010 қатъ мегардад.

«Худҷореъ»:

- ноҳияи Сомонӣ; маҳаллаҳои Чашмасор, Амиршоев, Захматобод, Сахбо, Тельман, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-биби ва Сари-Осиё, кӯчаҳои: - Пролетар, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, Қаҳҳоров, Рудаки аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи Самад Ғанӣ, инчунин боғи ба номи С.Айни, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;

- ноҳияи Шоҳмансур; маҳаллаҳои Чехов, Қурғон, Хоруғ, Помир ва Баҳори, кӯчаҳои Дӯстии Халқҳо, А. Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Мичурин, академикҳо Раҷабовҳо ва Айнӣ аз хонаи 1то 77;

- ноҳияи Сино; - маҳаллаҳои Калинин, Меҳробод, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, буни Ҳисорак, Қазоқон, Қарамишкор ва Муҳандис, шахракҳои 82,91,92,101,102,112, Испечак 1,2 ва Зарафшон 1,2;

- ноҳияи Фирдавсӣ; - кӯчаи Қаҳҳоров, маҳалаи Дарвоз, шахракҳои 41, 42, 43, 44, 45, 46 ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии ш. Душанбе аз соати 22:00 рузи 18 октябри соли 2010 то соати 24:00 рузи 19 октябри 2010 қатъ мегардад:

«Фишорӣ»;

- ноҳияи Сино; - маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиники ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказӣ:

- ноҳияи И.Сомонӣ; - кӯчаҳои Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаҳои Самад Ғанӣ, М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, Рудаки, Шотемур, Ф.Ниёзи, И.Сомони, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Л.Толстой, Парвин, Пушкин, Теҳрон аз соати 22:00 рузи 26-октябри соли 2010 то соати 24:00 рӯзи 27-октябри соли 2010 қатъ мегардад:

«Ҷанубу-Ғарбӣ»;

- ноҳияи Фирдавсӣ; - шаҳракҳои 52, 53, 43, 65, 44, 24, 25 ва кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ, Н. Карабоев;

- ноҳияи Сино; – шаҳракҳои 31, 32, 33, 34, 35, 82, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Миралӣ, Ю.Вафо, Котовский, Сулаймонӣ, Тургенев, Р. Набиев, маҳалаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Х. Нав, Конститутсия аз соати 22:00 рузи 02-ноябри соли 2010 то соати 24:00 рузи 03-ноябри соли 2010 қатъ мегардад.

Шаҳрдорӣ аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш кардааст, ки миқдори лозимаи оби нӯшиданиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

Раисони ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор шудаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашонӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нушиданӣ таъмин намоянд.

Ҳамчунин, Маркази назоратӣ давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе бояд ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшиданӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарӣ таҳти назорат қарор диҳад.
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97