Масъулини шӯъбаи корҳои дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон зимни гузаронидани санҷиш дар масҷидҳои ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ошкор кардаанд, ки дар як масҷид 20 нафар наврасон ғайрирасмӣ ба таълимоти динӣ фаро гирифта шудаанд.
Бино ба гуфтаи Бобохон Шарбатов, мудири шӯъбаи корҳои дини вилояти Хатлон дар масҷиди воқеъ дар ҷамоати Узуни ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Румӣ 20 нафар наврасони 12-14 сола ба таълимоти динӣ фаро гирифта мешудаанд. Аммо зимни санҷиш имом- хатиби масҷиди мазкур ҳуҷҷатҳои лозимаро барои надоштани иҷозаи таълими динӣ ба наврасон ба гурӯҳи корӣ пешниҳод карда натавонист.
Ба гуфтаи ин манбаъ аз 20 нафар наврас даҳ нафари онҳо сокинони ноҳияи Панҷакент мебошанд. Ончи масъулини шӯъбаи корҳои дини Хатлонро ба ташвиш меоварад ин далел аст, ки бештаре аз ин наврасон аз таълим дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар канор мондаанд. Ќонунгузории Тоҷикистон таълимоти наврасону ноболиғонро дар масҷид дар ҳоле иҷозат медиҳад, ки наврас дар мадди аввал аз таълимоти мактаби таҳсилоти умумӣ дар канор намонад.
Гуфта мешавад, ки имом- хатиби масҷиди мазкур Аҳмадхӯҷаи Мӯқтадихӯҷа буда, бо илму дониши динӣ ва тақвову мавъизаҳои аҳамияти тарбиявӣ дошта, миёни мардуми минтақа маъруф аст. Масъулини шӯъбаи оид ба корҳои дини Хатлон иброз медоранд, ки имрӯзҳо тамоми масоҷиди Хатлон мавриди санҷиш қарор гирифтааст ва ҳадафи гузаронидани ин санҷишҳо дар мадди аввал ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯй намудани ҳолати масҷидҳо мебошад. Ба гуфтаи ин масъулон, азбаски тибқи гуфтаҳои Қуръон гӯё истеъмоли ғизо дар масҷид манъ будааст, ва имрӯз вақти он омадааст, ки тамоми зарфҳои ғизохӯриро аз масоҷид бароварда, ба ихтиёри раисони маҳаллаҳо вогузор намоем то ин асбобу ашёи барои масҷид нолозим аз ин пас барои гузаронидани маъракаҳои мардумӣ истифода бурда шавад. Зимнан, аз рӯи маълумоти ба дастомада дар ҳудуди Хатлон масҷидҳои панҷвақта ва масҷидҳои ҷомеи марказӣ ба қайд гирифта шудааст.
Љамолиддини Усмониён, Хатлон