Суқути чархбол беш аз 20 нафар кушта додааст

Хабари хуб 06.10.2010 19:22

Бино ба хабари бархе аз манбаъҳо, як чархболи Горди миллии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт суқут кардааст. Гуфта мешавад беш аз 20 нафар сарнишин ҷони худро аз даст доданд ва чаҳор корманди дигари техникӣ низ маҷрӯҳ ва ба бемористон мунтақил шудаанд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки, ки ин ҳодиса субҳи рӯзи 6 октябр дар минтақаи Рашт рух додаст ва дар ин ҳодиса чаҳор халабони ин чархбол ҷони худро аз даст дода ва се нафар аз кормандони фаннӣ ҷароҳат бардоштаанд.

Манобеи Горди миллӣ ҳамчунин гуфта буданд, ки ин чархбол дар наздикии фурӯдгоҳи шаҳраки Ғарм ба ҳангоми фурӯд омадан эҳтимолан ба далоили фаннӣ суқут кардааст ва ҳоло комисиюни вижае ба таҳқиқи ин ҳодиса машғул аст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97