Аллайҳи генерал Ғаффоров парванда боз нашудааст

Хабари хуб 05.10.2010 07:48
    Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабари боз кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи собиқ муновини аввали Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, генерал-майор Қосимҷон Ғаффоровро рад кард.

Оҷонс дар номае ба унвони нашрияҳои Тоҷикистон гуфтааст, ин хабар воқеият надорад. Ин дар ҳолест, ки бо истинод ба ниҳоди мазкур хабаргузориҳо рӯзи 1-уми октябр аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ зидди Ғаффоров иттилоъ додаанд.

Зимнан, генерал Ғаффоров рӯзи 2 -юми сентябри соли равон ба думболи фирори 25 нафар муҳбус аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ дар рӯзи 23 -юми август аз мақомаш барканор шуда буд.

 

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97